22.05.25
22 май дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Агентӣ миссияи коршиносон оид ба баҳогузории глобалии низоми омори миллии кишвар ба кори худ оғоз намуд.
Директори Агентии омор Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар оғози чорабинӣ зимни сухани ифтитоҳӣ меҳмононро пазироӣ намуда, изҳори бовар кард, ки миссияи коршиносон оид ба баҳогузории глобалии низоми омори миллӣ ба рушди соҳаи омори давлатӣ мусоидат мекунад.
Ҳамзамон Ҷамшед Нурмаҳмадзода таъкид дошт, ки Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мақоми ваколатдор дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи омор фаъолият бурда, ҷамъоварӣ ва паҳн намудани маълумотро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ» аз 12 январи соли 2010, амалӣ менамояд.
“Боиси хурсандист, ки имрӯз Тоҷикистон нишондиҳандаҳои омории миллиро ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохта, онро дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ месозад”- иброз намуд Директори Агентӣ.
Бояд гуфт, ки барои гузаронидани баҳогузории глобалии низоми омори миллии Тоҷикистон коршиносон аз Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо, Омори Аврупо (Евростат), Ассотсиатсияи савдои озоди Аврупо ва намояндагони мақомоти омор аз Норвегияву Исландия ба Душанбе омадаанд.
Дар рӯзи аввали чорабинӣ мудири бахши ҳуқуқи Агентӣ Нозиршо Қадамшоев дар бораи заминаҳои ҳуқуқии низоми омори миллӣ, ҳифзи мустақилияти касбӣ, ваколатҳо дар самти ҷамъоварии маълумоти оморӣ ва Қиёмиддин Ташрифзода, сардори Раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодӣ ва робитаҳои байналмилалии Агентӣ дар бобати сохтор ва ниҳодҳои мақомоти омори миллӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият миёни сохторҳо бо пешниҳоди презентатсияҳо суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин сардори шуъбаи молия ва ҳисоботи Агентӣ Ҳабибуллозода Сафарбек дар мавзуи захираҳои молӣ барои амалисозии корҳои оморӣ ва Неъмонов Маҳмадӣ дар бораи захираҳои кадрии мақомоти омори миллӣ гузориши мукаммал пешниҳод намуданд.
Миссияи коршиносон оид ба баҳогузории глобалии низоми омори миллии кишвар то рӯзи 28-уми май идома меёбад.
0 комментария к “ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ МИССИЯИ КОРШИНОСОН ОИД БА БАҲОГУЗОРИИ ГЛОБАЛИИ НИЗОМИ ОМОРИ МИЛЛӢ БА КОРИ ХУД ОҒОЗ КАРД”