23.07.25
Дар давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагии мамлакат ба 23 миллиарду 853,8 миллион сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 9,7 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, дар соҳаи растанипарварӣ 15 миллиарду 891,3 миллион сомонӣ, ё 9,0 фоиз ва чорводорӣ бошад, 7 миллиарду 962,5 миллион сомонӣ ё 11,2 фоиз зиёд аст.
Бояд гуфт, ки дар ин давра ҳиссаи вилояти Хатлон дар маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакат 59 фоизро ташкил дода, ҳаҷми истеҳсол ба 14 миллиарду 069,7 миллион сомонӣ ё 110,4 фоиз баробар гардидааст.
Тибқи иттилоъ, дар нимсолаи якуми соли 2025 ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ дар ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 15,3 фоизро ташкил додааст, ки ин нишондод дар хоҷагиҳои вилоятҳои Суғд 23,8 фоиз, Хатлон 12,4 фоиз, ВМКБ 1,4 фоиз ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 12,6 фоиз баробар аст.
Аз ҷумла, дар ин давра ба хоҷагиҳои деҳқонӣ 38,8 фоизи ҳиссаи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ рост меояд.
Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ 45,9 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондод дар хоҷагиҳои ВМКБ 96,0 фоиз, вилоятҳои Суғд 43,6 фоиз, Хатлон 44,2 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 54,2 фоизро ташкил медиҳад.
0 комментария к “ДАР ҲАҶМИ УМУМИИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ҲИССАИ ХОҶАГИҲОИ АҲОЛӢ 45,9 ФОИЗРО ТАШКИЛ ДОДААСТ”