Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Дар Душанбе маросими супурдани таҷҳизот барои баргузор намудани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 доир гардид

Дар Душанбе маросими супурдани таҷҳизот барои баргузор намудани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 доир гардид

Дар Душанбе маросими супурдани таҷҳизот барои баргузор намудани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 доир гардид

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Тақвият бахшидани омори демографӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия маблағгузорӣ карда мешавад, Хазинаи Нуфуси СММ (ЮНФПА) ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 420 воҳид планшет, 100 адад ноутбук ва 80 адад принтер барои баргузор намудани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Тоҷикистон тақдим намуд.

 

Дар маросими тақдими таҷҳизот Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, Муовини сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Шамсутдинов Шамил Фоатович,  кормандони сохторҳои номбурда, инчунин намояндагони Хазинаи Нуфуси СММ, ташкилоти UNHCR   ва намояндагони ВАУ иштирок намуданд.

«Тавассути ҳамкориҳои судманд мо метавонем барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилро дар сатҳи баланд баргузор намоем. Бо шарофати таҷҳизоти тақдимгардида, аз ҷумла, планшетҳо, ноутбукҳо ва принтерҳо дар кишвар бори аввал пурсишҳо бо истифода аз планшетҳо, аз ҷумла пурсишномаҳо тавассути интернет гузаронида мешаванд, ки ба ҷамъоварии маълумоти дақиқу серивақт мусоидат мекунанд.- Қайд намуданд хонум Ҳасанзода Гулнора Кенҷа.

 

Бояд тазаккур дод, ки дар чаҳорчӯбаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 се шакли ба даст овардани маълумот татбиқ карда мешавад.  Суолномаҳо дар шакли қоғазӣ, асосан дар деҳоти кишвар истифода шуда,  пурсишҳои тавассути  интернет ва  планшетҳои махсуси электронӣ дар шаҳрҳои кишвар гузаронида мешаванд.

– “Россия талошҳои Тоҷикистонро дар баргузор намудани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дастгирӣ мекунад ва кулли сокинони Чумҳуриро даъват мекунад, ки дар ин чорабинии  муҳим фаъолона ширкат варзанд. Умедворем, ки кӯмаки мо барои баргузории ин чорабинии муҳими миллӣ ба сатҳи нави технологӣ, ки натиҷаҳои он самтҳои рушди Тоҷикистонро дар солҳои минбаъда муайян мекунанд, кӯмак мекунад..” – Қайд намуданд ҷаноби Шамсутдинов Шамил Фоатович.

Ҳадафи лоиҳаи “Тақвият бахшидани омори демографӣ дар Тоҷикистон” аз дастгирӣ намудани Агентии омор дар ҷамъоварӣ ва тасниф кардани маълумотҳои демографӣ дар рафти барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, инчунин баланд бардоштани самаранокии истифодаи онҳо дар раванди банақшагирии дарозмуддат, омода намудани буҷа дар ҳама сатҳҳо ва татбиқи барномаҳои сармоягузории минтақавӣ иборат мебошад.

Аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия барои дастгирии ин лоиҳа 2,15 миллион доллар ҷудо гардидааст.

Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти омори ҷумҳурӣ ба Хазинаи нуфуси СММ (ЮНФПА), Ҳукумати Федератсияи Россия ва ташкилоти Комисссариати Олии СММ оид ба масъалаҳои гурезаҳо (UNHCR) барои дастгирии техникӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020 арзи сипосу миннатдорӣ баён намуданд.

* * *

Хазинаи нуфуси СММ (ЮНФПА) – Оҷонсии байналмилалии рушд буда, вазифаи он расонидани дунёест, ки дар он ҳар як ҳомиладорӣ матлуб, ҳар як тавлиди кӯдак бехатар ва иқтидори ҳар як ҷавон ба пуррагӣ иҷро карда мешавад.




0 комментария к “Дар Душанбе маросими супурдани таҷҳизот барои баргузор намудани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 доир гардид

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...