Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Дар Агентии омор конференсияи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи «Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон» баргузор гардид

Дар Агентии омор конференсияи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи «Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон» баргузор гардид

20 ноябри соли 2026 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷамъбастӣ бахшида ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи «Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон», ки бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ амалӣ гардидааст, баргузор шуд.

Дар чорабинӣ намояндагони Вазорату идорањои дахлдор, Бонки ҷаҳонӣ, роҳбарият ва кормандони Агентии омор, Гурӯҳи татбиқи лоиҳа, мутахассисон ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Конференсия таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоии директори Агентии омор Ҷамшед Нурмаҳмадзода баргузор гардид.

Директори Агентӣ зимни суханронии ифтитоҳӣ аҳамияти лоиҳаро дар рушди низоми миллии омор таъкид намуда, қайд карданд, ки татбиқи он ба таҳкими заминаи ҳуқуқию институтсионалӣ, такмили методологияи оморӣ, рушди технологияҳои муосир ва баланд бардоштани иқтидори касбии кормандони соҳа мусоидат намуд.

Дар қисми асосии конференсия намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва Агентии омор натиҷаҳои татбиқи лоиҳа, дастовардҳои асосӣ ва самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи низоми миллии оморро муаррифӣ карданд.

Аз ҷумла, масъалаҳои такмили қонунгузорӣ дар соҳаи омори расмӣ, арзёбии институтсионалии Агентии омор, пешрафти Тоҷикистон аз рӯйи нишондиҳандаҳои байналмилалии самаранокии фаъолияти оморӣ (SPI) ва шохиси кушодагии маълумоти оморӣ (ODIN), инчунин гузариш ба методологияи Системаи ҳисобҳои миллии соли 2008 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таваҷҷуҳи махсус ба натиҷаҳои рақамикунонии фаъолияти оморӣ, аз ҷумла, такмили сомонаи расмии Агентии омор, ҷорӣ намудани шаклҳои электронии ҳисоботдиҳии оморӣ, рушди феҳристи субъектҳои хоҷагидорӣ (Бизнес-регистр), рақамикунонии ҷамъоварии маълумот оид ба нархҳо ва дафтарҳои баҳисобгирии хоҷагиҳо дар ҷамоатҳо равона карда шуд.

Қайд гардид, ки чорабиниҳои амалигардида барои баланд бардоштани сифату саривақтии маълумоти оморӣ, такмили равандҳои ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот, инчунин васеъ намудани дастрасии истифодабарандагон ба иттилооти расмии оморӣ заминаи муҳим фароҳам овардаанд.

Дар доираи конференсия иштирокчиён ҳамчунин масъалаҳои таъмини устувории натиҷаҳои лоиҳа, истифодаи минбаъдаи низомҳои иттилоотии ҷоригардида, таҳкими иқтидори кадрӣ ва рушди ҳамкории байниидоравиро муҳокима намуданд.

Дар суханронии ҷамъбастӣ директори Агентии омор Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ, кормандони Агентӣ, Гуруњи татбиќи лоиња, мушовирон ва ҳамаи шарикони рушд барои саҳмгузорӣ ва ҳамкории самаранок изҳори миннатдорӣ намуд.

Таъкид гардид, ки анҷоми лоиҳа маънои хотима ёфтани раванди мукаммалгардонии низоми миллии оморро надошта, натиҷаҳои бадастомада барои идомаи ислоҳот, таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва баланд бардоштани сифати омори расмӣ имкониятҳои нав фароҳам меоранд.

Конференсия бо таъкиди аҳамияти истифодаи устувори дастовардҳои лоиҳа ва идомаи рушди низоми миллии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.




0 комментария к “Дар Агентии омор конференсияи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои татбиқи лоиҳаи «Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон» баргузор гардид”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон