Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ДАР АГЕНТИИ ОМОР БАХШИДА БА РӮЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ҲАМОИШ ДОИР ШУД

ДАР АГЕНТИИ ОМОР БАХШИДА БА РӮЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ҲАМОИШ ДОИР ШУД

Имрӯз дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон (10 декабр) ҳамоиш баргузор шуд.

Дар ҳамоиш роҳбарият, кормандони Агентӣ ва намояндаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Иштирокдорони ҳамоиш нақш ва мавқеи миллати тоҷикро дар масири таърих дар роҳи шинохти ҳуқуқи инсон ва эҳтиром гузоштан ба он бисёр баланд арзёбӣ намуданд.

Муовини директори Агентии омор Назарзода Зарина иброз намуд, ки эътироф, эҳтиром, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон яке аз мақсадҳои асосии тағйироту дигаргуниҳо дар ҷомеа маҳсуб шуда, ба тағйир додани нақшу ҷойгоҳи инсон, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ, кафолати озодӣ ва дахлнопазирӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва иштироки фаъол дар идоракунии давлатӣ равона гардидааст, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ марҳила ба марҳила амалӣ шуда истодааст.

Ёдоварӣ шуд, ки Эъломияи Куруши Кабир нахустин маротиба ҳуқуқҳои инсонро дар таърихи башарият муайян намуда, минбаъд баҳри қабул намудани санадҳои дигар дар самти ҳуқуқи инсон заминаи асосӣ гузоштааст.

Иброз гардид, ки дар Тоҷикистон чун ҷузъи ҷудонопазир ва комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд диққати махсус равона гардидааст.

Дар Конститутсияи ҷумҳурӣ тибқи моддаи 5, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ шинохта шудааст ва давлат масъул гардидааст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намояд.

“Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст, ки дар ин кор саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигар сохторҳое, ки бевосита ба ҳуқуқи инсон сару кор доранд, самараи ташаббусҳои Пешвои миллат дар бахши таҳкими мақому манзалати инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ҳар фард мебошанд”- таъкид дошт намояндаи Маркази миллии қонунгузорӣ.

Боиси ифтихору сарбаландии мост, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ба масъалаи ҳуқуқи инсон ва ҳимоят аз он таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад. Аз он хотир, ки сиёсати Пешвои муаззами миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати қонунмеҳвар ва адолатпарвар аст ва Сарвари давлат борҳо дар суханронии худ таъкид намудаанд, ки “сарвати асосии Тоҷикистон фарзандони он ҳастанд, шаҳрвандони он ҳастанд”. Яъне давлат ба ҳар инсон арҷ мегузорад ва ҳуқуқҳои онро дахолатнопазир медонад

Аз нигоҳи қонунгузорӣ, Тоҷикистон аз кишварҳое ба шумор меравад, ки низоми қонунии арзандаро барои муайянсозӣ ва таъмини ҳуқуқи инсон таҳия намудааст.

Изҳори бовар карда шуд, ки тамоми ниҳодҳои дахлдори ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар оянда низ мисли имрӯз фаъолияти худро аз рӯи садоқат ба Пешвои муаззами миллат ва давлату Ҳукумати кишвар иҷро мекунанд ва ҳуқуқҳои ҳар инсон дар мамлакати мо чун имрӯз ба таври шоиста таъмин мегардад.




0 комментария к “ДАР АГЕНТИИ ОМОР БАХШИДА БА РӮЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ҲАМОИШ ДОИР ШУД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон