Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ДАР АГЕНТИИ ОМОР БАХШИДА БА ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАРГУЗОР ШУД

ДАР АГЕНТИИ ОМОР БАХШИДА БА ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАРГУЗОР ШУД

2 июл дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентӣ бахшида ба қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда барои солҳои 2027–2036» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки қабули ин қатъномаи муҳим боз як дастоварди бузурги сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва далели равшани эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои сулҳпарваронаи кишвари мо мебошад. Зикр шуд, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон имрӯз ҳамчун кишвари ташаббускор ва масъулиятшинос дар ҳалли масъалаҳои муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла таҳкими сулҳу субот, мавқеи устувор касб намудааст.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҳар як корманди мақомоти давлатӣ бояд дар таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтироми қонун, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва тарғиби арзишҳои сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ саҳми арзандаи худро гузорад.

Дар идомаи ҳамоиш оид ба аҳаммияти таърихии қабули ин қатънома андешаронӣ шуда, иброз гардид, ки сулҳ на танҳо кафили зиндагии орому осуда, балки заминаи асосии рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва пешрафти ҳар як давлат мебошад. Ҳамчунин зикр гардид, ки кормандони мақомоти омор бо пешниҳоди маълумоти дақиқ, боэътимод ва шаффоф дар таҳкими идоракунии давлатӣ ва татбиқи сиёсати созандаи давлат нақши муҳим доранд.

Таъкид карда шуд, ки ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа бояд дар ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ саҳми фаъол дошта бошанд. Зикр гардид, ки ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ҷавононро ба масъулияти бештар, таҳкими фарҳанги сулҳ ва ҳамкории созанда ҳидоят менамоянд.

Сулҳу ваҳдати миллӣ, ки аз бузургтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, барои рушди устувори кишвар, таҳкими давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум заминаи боэътимод фароҳам овардааст. Бо сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор ва сулҳпарвар дар ҳалли масъалаҳои муҳими байналмилалӣ, бахусус таҳкими сулҳ ва ҳамкории созанда, дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи шоиста касб намудааст.

Дар фарҷоми ҳамоиш зикр гардид, ки қабули қатъномаи мазкур ифодаи эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сиёсати сулҳҷӯёна ва ташаббусҳои созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳар як корманди Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои давлатӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар бо ҳисси баланди масъулият фаъолияти худро идома хоҳад дод.




0 комментария к “ДАР АГЕНТИИ ОМОР БАХШИДА БА ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАРГУЗОР ШУД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон