Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

БА ИМЗО РАСИДАНИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БАЙНИ МАҚОМОТҲОИ ОМОРИ ТОҶИКИСТОНУ ОЗАРБОЙҶОН

БА ИМЗО РАСИДАНИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БАЙНИ МАҚОМОТҲОИ ОМОРИ ТОҶИКИСТОНУ ОЗАРБОЙҶОН

26 сентябри соли 2025 дар ҳошияи Форуми байналмилалӣ таҳти унвони “Афзалиятҳои рушди омор: нақши лоиҳаҳои байналмилалӣ” ва Ҷаласаи 73-юми Шурои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, байни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Озарбойҷон Ёддошти тафоҳум дар самти ҳамкорӣ ва рушди омори ду кишвар ба имзо расонида шуд.

Гуфта мешавад, ки дар доираи Ёддошти тафоҳум ҳамкории шарикӣ байни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Озарбойҷон, нақшаи пешбарии соҳаи омор бо пешниҳоди маълумотҳои дақиқу саҳеҳ ҷиҳати рушди иҷтимоию иқтисодии ҳарду давлат бо мақсади ноил гардидан ба ҳамкории амиқи минбаъдаи мутақобилан судманди тарафҳо барои рушди ҳамаҷониба амалӣ мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар оянда мусоидат намудан ба ҳамдигар дар баланд бардоштани таҷриба ва такмили ихтисоси кадрҳо дар соҳаи омор, гузаронидани семинару тренингҳо барои ҳар ду тараф ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таҷрибаи кормандони соҳа дар таҳия ва татбиқи нақшаҳои минбаъда бештар мегардад.




0 комментария к “БА ИМЗО РАСИДАНИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БАЙНИ МАҚОМОТҲОИ ОМОРИ ТОҶИКИСТОНУ ОЗАРБОЙҶОН

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон