Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ 34 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ БОШАНДАГОНИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ХОНА – ИНТЕРНАТИ БЕМОРОНИ РУҲӢ АЁДАТ ГАРДИДАНД

БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ 34 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ БОШАНДАГОНИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ХОНА – ИНТЕРНАТИ БЕМОРОНИ РУҲӢ АЁДАТ ГАРДИДАНД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, махсусан ятимону бепарасторон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Дастгирӣ ва аёдати табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ ба хусус маъюбону бепарасторон, ин нишони дар амал татбиқ намудани сиёсати иҷтимоии мамлакат мебошад.

Дар ҳошияи сафарӣ корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов, роҳбари гуруҳи кории ҳукуматӣ, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳамроҳии Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек ба муассисаи давлатии “Хона-интернати беморони руҳӣ” воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳия ташриф оварда, аз шароити зист ва ҳолу аҳволи онҳо боздид карданд.

Зимни аёдат директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бошандагони “Хона-интернати бемориҳои руҳӣ”-ро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 34 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.

Дар идомаи боздид директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба роҳбарияти муассиса доир ба масъалаҳои вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, назорати вазъи саломатии беморон, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ба бошандагони хона-интернати мазкур ба муносибати ҷашни бузурги 34 – солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастархони идона ороста шуд.




0 комментария к “БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ 34 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ БОШАНДАГОНИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ХОНА – ИНТЕРНАТИ БЕМОРОНИ РУҲӢ АЁДАТ ГАРДИДАНД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон