Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

АГЕНТИИ ТИКА ҲАМКОРИРО МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКИЯ ДАР СОҲАИ ОМОР ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

АГЕНТИИ ТИКА ҲАМКОРИРО МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКИЯ ДАР СОҲАИ ОМОР ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

Аз 14 то 16 октябри соли 2025 Агентии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии байналмилалии Туркия (TIKA) бо ҷалби мутахассисон ва устодони Институти омори Туркия барои мутахассисони мақомоти омори Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Омори кишоварзӣ” дар доираи Барномаи ИСЕП (Барномаи омӯзишии омор) баргузор намуд.

Баъди ба анҷом расидани семинари омӯзишӣ маросими супоридани сертификатҳо барои иштирокчиён доир шуд, ки дар он муовини якуми Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асо Нурулло Асват, ҳамоҳангсозии барномаҳои ТИКА Иброҳим Этҳем Унал, намояндаи сафорати Туркия дар Тоҷикистон ва мутахассисони Институти омори Туркия иштирок доштанд.

Муовини якуми Директори Агентии омор Асо Нурулло семинари мазкурро заминаи муҳим барои таҳкими муносибату ҳамкории дуҷониба байни мақомоти омори Тоҷикистон ва Туркия маънидод намуда, омодагии ҷонибро оид ба таҳкими робитаҳои васеътар, ташкили барномаҳои муштараки соҳавӣ, табодули таҷриба ва тарбияи кадрҳо иброз дошт.

Ҳамоҳангсозии барномаҳои ТИКА Иброҳим Этҳем Унал аз истиқболи самимӣ ва дӯстонаи роҳбарияти мақомоти омори Тоҷикистон изҳорӣ хушнудӣ намуда, мулоқоти мазкурро ҳамчун як қадами муҳим дар роҳи таҳкими ҳамкориҳои судманд миёни Агентии ТИКА ва мақомоти омори Тоҷикистон арзёбӣ намуд.

Дар охир ба иштирокчиёнӣ семинари омӯзишӣ сертификатҳо супорида шуд.

Мавриди зикр аст, ки моҳи марти соли ҷорӣ дар дар ҳошияи Ҷаласаи 56-уми Комиссияи омори СММ, дар шаҳри Ню-Йорки ИМА Директори Агентии омори Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо Президенти Институти омори Туркия ҷаноби Эрҳан Четинкая вохӯрӣ анҷом дода буд, ки дар он масъалаи раванди оғози расмии ҳамкориҳои дуҷониба байни мақомоти омори Тоҷикистон ва Туркия, ирсоли мактубҳои расмӣ, муайян намудани самтҳои ҳамкориҳо, табодули таҷриба ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардиданд.

Дар ин замина Ёддошти тафоҳум байни мақомоти омори Тоҷикистон ва Институти омори Туркия омода гардидааст, ки ба наздикӣ ба имзо хоҳад расид.




0 комментария к “АГЕНТИИ ТИКА ҲАМКОРИРО МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКИЯ ДАР СОҲАИ ОМОР ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон