Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

АГЕНТИИ ОМОРБАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ҲАМОИШ БАРГУЗОР НАМУД

АГЕНТИИ ОМОРБАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ҲАМОИШ БАРГУЗОР НАМУД

Имрӯз дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш муовини Директори Агентии омор Зарина Назарзода, намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Розиқов ва кормандони Агентӣ иштирок намуда, вобаста ба арзшиҳои бемисли забони ноби тоҷикӣ ибрози андеша намуданд.

Муовини Директори Агентии омор Зарина Назарзода зимни сухаронӣ таъкид дошт, ки дар шароити кунунӣ ҳифз ва рушди забони тоҷикӣ, истифода ва риоя аз истилоҳоти забони тоҷикӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолият мояи пешрафти кор дар соҳа хоҳад буд.

Гуфта шуд, ки тоҷикон дар тули таърихи беш аз шашҳазорсолаи хеш ҳамеша ба забони модарӣ ҳамчун ба як неъмати бебаҳо, ойинаи пурҷилои таърих ва унсури муқаддаси миллӣ муносибату арҷгузорӣ мекарданд, аммо маҳз баъди расидан ба истиқлоли давлатӣ шароити муосид фароҳам омад, ки забони модарӣ ва давлатии мо рушду камоли бештар ёбад ва ҷаҳониёнро бо ғановату салосати худ мафтун намояд.

Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифз ва нигоҳдошти забон, ки яке аз рукнҳои давлтдории миллӣ маҳсуб мешавад, тадбирҳои судманд андешида шудаанд.

Дар ҳамоиш аз ҷониби намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин масъалаҳои забон ва таҳкими минбаъдаи он мавриди баррасӣ қарор гирифта, баён гардид, ки мояи ифтихор аст, ки имрӯз забони тоҷикӣ рушд намуда, ҳамчун забони илм муаррифӣ мешавад.




0 комментария к “АГЕНТИИ ОМОРБАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ҲАМОИШ БАРГУЗОР НАМУД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон