Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Аҳолии Тоҷикистон ба 10,8 миллион нафар расид

Аҳолии Тоҷикистон ба 10,8 миллион нафар расид

То 1 октябри соли 2026 шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи ҳисобҳои пешакӣ, 10 миллиону 867 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 фоиз зиёд мебошад.

Тибқи маълумот аз рӯйи тақсимоти минтақавӣ шумораи аҳолӣ дар вилояти Хатлон 3 миллиону 938,5 ҳазор нафар, вилояти Суғд 3 миллиону 47,6 ҳазор нафар, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2 миллиону 336,9 ҳазор нафар, шаҳри Душанбе 1 миллиону 307 ҳазор нафар ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 237 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2026 дар ҷумҳурӣ 175,8 ҳазор кӯдаки навзод ба қайд гирифта шудааст. Ҳамзамон, дар ин давра 26,2 ҳазор ҳолати фавт сабт гардидааст, ки аз ин шумора 1,4 ҳазор нафарро кӯдакони то яксола ташкил медиҳанд.

Мувофиқи баҳодиҳии пешакӣ, коэффитсиенти умумии таваллуд ба ҳар ҳазор нафар аҳолӣ 21,7 ва коэффитсиенти умумии фавт 3,2 нафарро ташкил додааст.

Таҳлили нишондиҳандаҳо нишон медиҳад, ки дар давраи ҳисоботӣ шумораи таваллудҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 дар ҷумҳурӣ 2,5 фоиз коҳиш ёфтааст. Ин раванд, ба истиснои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар тамоми минтақаҳои кишвар ба мушоҳида мерасад.

Аз ҷумла, дар вилояти Суғд шумораи таваллудҳо 42,6 ҳазор нафарро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 1,9 фоиз, дар шаҳри Душанбе 18,4 ҳазор нафар бо коҳиши 2,3 фоиз, дар вилояти Хатлон 71,4 ҳазор нафар бо коҳиши 4 фоиз ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2,1 ҳазор нафар бо коҳиши 11,5 фоиз кам шудааст. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, ин нишондиҳанда дар сатҳи соли гузашта нигоҳ дошта шуда, 41,4 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Баръакси тамоюли коҳиши таваллуд, шумораи фавтҳо дар ҷумҳурӣ афзоиш ёфтааст. Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бақайдгирии фавт 3,3 фоиз зиёд гардида, ба 26,2 ҳазор нафар расидааст.

Афзоиши ин нишондиҳанда дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе шумораи фавтҳо 2,6 ҳазор нафарро ташкил дода, 1,1 фоиз, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 5,3 ҳазор нафар ё 5,6 фоиз, дар вилояти Хатлон 9,2 ҳазор нафар ё 4,1 фоиз ва дар вилояти Суғд 8,4 ҳазор нафар ё 0,5 фоиз зиёд шудааст. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад, афзоиш 18,3 фоизро ташкил дода, 751 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.

Дар натиҷаи тағйирёбии нишондиҳандаҳои таваллуд ва фавт афзоиши табиии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба андозаи 3,5 фоиз коҳиш ёфтааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, дар моҳҳои январ–сентябри соли 2026 афзоиши табиии аҳолӣ 149,6 ҳазор нафарро ташкил дода, ба ҳар ҳазор нафар аҳолӣ 18,5 нафар рост омадааст.




0 комментария к “Аҳолии Тоҷикистон ба 10,8 миллион нафар расид”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон