Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 35,6 фоиз афзоиш ёфт

Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 35,6 фоиз афзоиш ёфт

Тибқи маълумоти расмии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик», Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Помир Энерҷӣ» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз», гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ–сентябри соли 2026 ба 10 миллиарду 652,4 миллион доллари ИМА баробар гардид.

Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба маблағи 2 миллиарду 796,3 миллион доллар ё 35,6 фоиз зиёд мебошад.

Дар давраи зикршуда Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 129 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла 10 давлати аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 119 кишвари хориҷи дур муносибатҳои тиҷорати хориҷиро ба роҳ мондааст.

Дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ ҳиссаи кишварҳои ИДМ 38,7 фоизро ташкил дода, ҳаҷми он ба 4 миллиарду 119,2 миллион доллари ИМА баробар шудааст. Ҳамзамон, ба кишварҳои хориҷи дур 61,3 фоизи гардиши савдои хориҷӣ ё 6 миллиарду 533,2 миллион доллари ИМА рост меояд.

Таҳлили тарози савдо нишон медиҳад, ки дар давраи мавриди назар касри савдои хориҷии кишвар 6 миллиарду 313,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст. Аз ҷумла, касри тарози савдо бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3 миллиарду 248,8 миллион доллар ва бо кишварҳои хориҷи дур 3 миллиарду 64,6 миллион долларро ташкил медиҳад.

Тавсеаи иқтидори истеҳсолии ватанӣ, зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ва истифодаи имкониятҳои мавҷудаи бозорҳои хориҷӣ аз омилҳои муҳими беҳтар намудани тарози савдои хориҷии кишвар ба ҳисоб мераванд.




0 комментария к “Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 35,6 фоиз афзоиш ёфт”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон