Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ҲАҶМИ ҚАРЗҲОИ ДОДАШУДА ДАР ТОҶИКИСТОН 25,5 ФОИЗ ЗИЁД ГАРДИД

ҲАҶМИ ҚАРЗҲОИ ДОДАШУДА ДАР ТОҶИКИСТОН 25,5 ФОИЗ ЗИЁД ГАРДИД

Мувофиқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар моҳҳои январ–августи соли 2026 ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар ҷумҳурӣ ба 23 миллиарду 583,8 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 25,5 фоиз зиёд мебошад.

Таҳлили нишондиҳандаҳо аз рӯйи соҳаҳои иқтисодиёт шаҳодат медиҳад, ки афзоиши назарраси ҳаҷми қарзҳои додашуда дар соҳаи хизматрасонӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давра ба соҳаи мазкур 2 миллиарду 465 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳашт моҳи соли гузашта 92,2 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамзамон, ҳаҷми қарзҳои додашуда дар соҳаи савдо ва хӯроки ҷамъиятӣ 4 миллиарду 77,6 миллион сомонӣ, кишоварзӣ 3 миллиарду 145,3 миллион сомонӣ ва сохтмон 827,8 миллион сомониро ташкил додааст. Ин нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 44,3, 30,9 ва 23,7 фоиз афзоиш ёфтаанд.

Инчунин, дар соҳаи нақлиёт ҳаҷми қарзҳои додашуда 30,5 фоиз, ипотека 33,3 фоиз, таъмирихонаҳо 33,9 фоиз ва қарзҳои дигар 32,4 фоиз зиёд шудааст.

Дар баробари ин, ҳаҷми қарзҳои истеъмолӣ 6 миллиарду 966,5 миллион сомонӣ, қарзҳои саноатӣ 1 миллиарду 569,4 миллион сомонӣ ва қарзҳои автомобилӣ 846,9 миллион сомониро ташкил додааст.

Нишондиҳандаҳои мазкур аз афзоиши ҳаҷми маблағгузории қарзӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар дар давраи ҳисоботӣ шаҳодат медиҳанд.




0 комментария к “ҲАҶМИ ҚАРЗҲОИ ДОДАШУДА ДАР ТОҶИКИСТОН 25,5 ФОИЗ ЗИЁД ГАРДИД”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон