Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

КОРРУПСИЯ — ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА ВА ТАҲДИД БА РУШДИ УСТУВОР

КОРРУПСИЯ — ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА ВА ТАҲДИД БА РУШДИ УСТУВОР

        Коррупсия яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа ба ҳисоб рафта, ҳамчун мушкилоти ҷиддии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ ба рушди устувори давлат ва ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Ин падида боиси халалдор гардидани волоияти қонун, поймол шудани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, коҳиш ёфтани эътимоди ҷомеа ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва суст гардидани заминаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ мегардад.

Коррупсия пеш аз ҳама дар шакли истифодаи ғайриқонунии мансаб, ваколатҳои хизматӣ ва имкониятҳои вобаста ба вазифа ба манфиати шахсӣ ё гирифтани фоидаи ғайриқонунӣ зоҳир мешавад. Ришвахорӣ, суиистифода аз мансаб, бархӯрди манфиатҳо, хешутаборбозӣ, истифодаи нодурусти маблағу моликияти давлатӣ ва дигар амалҳои ба қонун мухолиф аз ҷумлаи зуҳуроти коррупсионӣ мебошанд.

          Паҳн гардидани чунин амалҳо ба фаъолияти муназзами муассисаҳо ва ташкилотҳо таъсири манфӣ расонида, принсипҳои адолат, баробарӣ ва шаффофиятро халалдор месозад. Дар натиҷа, шахсоне, ки бояд дар асоси қонун ва меъёрҳои муқарраргардида хизматрасонӣ гиранд, метавонанд бо монеаҳои сунъӣ рӯ ба рӯ шаванд. Аз ин рӯ, пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат ба шумор меравад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бар зидди коррупсия ҳамчун яке аз самтҳои муҳими таъмини волоияти қонун, таҳкими низоми идоракунии давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ба роҳ монда шудааст. Дар ин раванд риояи қатъии талаботи қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини шаффофият ва масъулиятнокӣ дар фаъолияти хизматчиёни давлатӣ аҳамияти муҳим дорад.

        Пешгирии коррупсия танҳо бо андешидани чораҳои маъмурӣ маҳдуд намегардад. Барои ба вуҷуд овардани муҳити солими ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ зарур аст, ки дар ҷомеа муносибати оштинопазир нисбат ба ҳама гуна зуҳуроти коррупсионӣ ташаккул дода шавад. Ҳар як корманд, роҳбар ва шаҳрванд бояд дар доираи ваколат ва уҳдадориҳои худ талаботи қонунро риоя намуда, аз амалҳое, ки метавонанд ба пайдоиши муносибатҳои коррупсионӣ мусоидат намоянд, худдорӣ кунад.

         Дар ин самт баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, махсусан ҷавонон, нақши муҳим дорад. Шиносоӣ бо ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандӣ, моҳияти коррупсия ва оқибатҳои ҳуқуқии содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ метавонад дар пешгирии ин зуҳуроти номатлуб саҳми назаррас гузорад.

         Ҳамзамон, шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо аз омилҳои муҳими пешгирии коррупсия ба ҳисоб мераванд. Қабули қарорҳо дар асоси қонун, муносибати баробар ба шаҳрвандон, истифодаи мақсадноки маблағҳои давлатӣ ва масъулиятнокии мансабдорон метавонанд барои коҳиш додани омилҳои коррупсионӣ заминаи мусоид фароҳам оваранд.

Ҳар як шаҳрванд низ дар пешгирии коррупсия масъулияти муайян дорад. Дар сурати дучор шудан ба ҳолатҳои эҳтимолии коррупсионӣ шаҳрвандон бояд аз роҳҳои қонунӣ истифода намуда, ба мақомоти дахлдор муроҷиат кунанд.                     

 Маҳз иштироки фаъолонаи ҷомеа ва ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти давлатӣ метавонад ба пешгирии чунин зуҳурот мусоидат намояд.

Дар муассисаҳои давлатӣ, аз ҷумла соҳаи омор, риояи талаботи қонунгузорӣ, шаффофияти фаъолияти хизматӣ, муносибати одилона ба шаҳрвандон ва пешгирии ҳама гуна сӯиистифода аз ваколатҳои хизматӣ аҳамияти махсус дорад. Ҳар як корманд бояд дарк намояд, ки обрӯ ва эътимоди ҷомеа ба фаъолияти соҳа аз рафтору муносибати ҳар як корманд вобастагии мустақим дорад. 

          Пешгирии коррупсия имрӯз на танҳо ҳифзи қонун ва тартибот, балки саҳмгузорӣ дар таҳкими давлатдорӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди устувори ҷомеа мебошад.

Сардори бахши Агентии омори назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод

                     Сафарзода М.С..




0 комментария к “КОРРУПСИЯ — ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА ВА ТАҲДИД БА РУШДИ УСТУВОР”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон