Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳаҷми боркашонӣ ва гардиши бор дар моҳҳои январ–майи соли 2026 афзоиш ёфт

Ҳаҷми боркашонӣ ва гардиши бор дар моҳҳои январ–майи соли 2026 афзоиш ёфт

Дар моҳҳои январ–майи соли 2026 дар ҷумҳурӣ бо ҳамаи намудҳои нақлиёт 61 миллиону 425,0 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 14,9 фоиз зиёд мебошад.

Аз ҳаҷми умумӣ 58 миллиону 71,5 ҳазор тонна ба нақлиёти автомобилӣ рост меояд, ки 94,5 фоизи ҳаҷми умумии боркашониро ташкил медиҳад. Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба моҳҳои январ–майи соли гузашта 15,4 фоиз афзоиш ёфтааст.

Таҳлили минтақавии боркашонӣ нишон медиҳад, ки дар ин давра дар вилояти Суғд 20 миллиону 804,3 ҳазор тонна бор интиқол дода шудааст, ки 35,8 фоизи ҳаҷми умумиро ташкил медиҳад. Дар вилояти Хатлон 19 миллиону 823,8 ҳазор тонна (34,2 фоиз), дар шаҳри Душанбе 8 миллиону 190,2 ҳазор тонна (14,1 фоиз), дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 8 миллиону 719,8 ҳазор тонна (15,0 фоиз) ва дар ВМКБ 533,4 ҳазор тонна (0,9 фоиз) бор кашонида шудааст.

Дар баробари ин, дар давраи ҳисоботӣ тавассути нақлиёти роҳи оҳан 3 миллиону 352,9 ҳазор тонна бор интиқол дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 7,7 фоиз зиёд мебошад. Аз ин ҳаҷм 52,0 фоиз (1 миллиону 743,6 ҳазор тонна) ба вилояти Суғд, 2,3 фоиз (77,7 ҳазор тонна) ба вилояти Хатлон ва 45,7 фоиз (1 миллиону 531,6 ҳазор тонна) ба шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рост меояд.

Ҳамзамон гардиши бор бо ҳамаи намудҳои нақлиёт дар моҳҳои январ–майи соли 2026 дар ҳаҷми 6 миллиарду 712,5 миллион тонна–километр ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,5 фоиз афзоишро нишон медиҳад.




0 комментария к “Ҳаҷми боркашонӣ ва гардиши бор дар моҳҳои январ–майи соли 2026 афзоиш ёфт

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон