Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳаҷми сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ дар Тоҷикистон 19,2 фоиз афзоиш ёфт

Ҳаҷми сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ дар Тоҷикистон 19,2 фоиз афзоиш ёфт

Тибқи маълумоти омори расмӣ, дар моҳҳои январ–майи соли 2026 ҳаҷми сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 10 млрд 799,3 млн сомонӣ-ро ташкил дод. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 (бо нархҳои муқоисавӣ) 19,2 фоиз зиёд мебошад.

Афзоиши сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ аз идома ёфтани татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ, истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ, инчунин аз беҳтар шудани фаъолияти сармоягузорӣ дар кишвар шаҳодат медиҳад.

Аз рӯи тақсимоти минтақавӣ, ҳаҷми сармоягузориҳо чунин аст:

  • Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ4 млрд 592,1 млн сомонӣ, ё 42,5 фоиз аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳои ҷумҳурӣ;
  • шаҳри Душанбе3 млрд 234,3 млн сомонӣ (29,9 фоиз);
  • вилояти Суғд1 млрд 553,8 млн сомонӣ (14,4 фоиз);
  • вилояти Хатлон1 млрд 237,8 млн сомонӣ (11,5 фоиз);
  • Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон181,3 млн сомонӣ, ё 1,7 фоиз.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қисми асосии сармоягузориҳо ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе рост омада, дар маҷмӯъ 72,4 фоиз-и ҳаҷми умумии сармоягузориҳои ҷумҳуриро ташкил медиҳанд.

Нишондиҳандаҳои мазкур аз нигоҳдории тамоюли мусбати фаъолияти сармоягузорӣ ва идома ёфтани татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишвар дар панҷ моҳи аввали соли 2026 шаҳодат медиҳанд.




0 комментария к “Ҳаҷми сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ дар Тоҷикистон 19,2 фоиз афзоиш ёфт

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон