Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ҲАМКОРИҲОИ ОМОРӢ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА ЛАҲИСТОН ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

ҲАМКОРИҲОИ ОМОРӢ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА ЛАҲИСТОН ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

Дар доираи семинар-машварати байналмилалӣ оид ба табодули таҷриба дар самти такмили сохтори ташкилӣ ва идоракунии мақомоти омори давлатӣ, ки дар шаҳри Варшава баргузор шуд, дар рӯзи аввали ин чорабинӣ вохӯрии муовини якуми директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асо Нурулло Асват бо Президенти омори Ҷумҳурии Лаҳистон ҷаноби Марек Волан сурат гирифт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти омори давлатӣ ва идомаи табодули таҷрибаро муҳокима намуданд. Таъкид гардид, ки рушди ҳамкориҳои дуҷониба метавонад дар баланд бардоштани сифати маълумоти оморӣ, такмили низоми идоракунӣ ва мутобиқсозии равандҳои оморӣ ба стандартҳои байналмилалӣ нақши муҳим гузорад.

Ҳамзамон, самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, аз ҷумла табодули таҷрибаи кормандон, баргузории семинар-машваратҳои ҳузурию маҷозӣ оид ба баҳисобгирии омории соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, таҳлили равандҳои рақамӣ, барӯйхатгирии аҳолӣ, такмили низоми ҳисобҳои миллӣ ва рушди регистрҳои оморӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки ҳамкориҳои судманди миёни мақомоти омории ду кишварро боз ҳам тақвият бахшида, барои татбиқи ташаббусҳои муштарак дар самти рушди омори расмӣ заминаи устувор фароҳам созанд.




0 комментария к “ҲАМКОРИҲОИ ОМОРӢ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА ЛАҲИСТОН ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон