Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

РУШДИ СОҲАИ БОҒДОРӢ: 556,5 ГЕКТАР БОҒҲОИ НАВ ВА 72,1 ГЕКТАР ТОКЗОРҲОИ БАРҚАРОРШУДА

РУШДИ СОҲАИ БОҒДОРӢ: 556,5 ГЕКТАР БОҒҲОИ НАВ ВА 72,1 ГЕКТАР ТОКЗОРҲОИ БАРҚАРОРШУДА

То 1 апрели соли 2026 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ дар маҷмӯъ 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 баробар зиёд мебошад. Аз масоҳати умумии боғҳои нав бунёдгардида 255,0 гектар ба мевагиҳои тухмдор, 189,0 гектар ба мевагиҳои донакдор, 78,9 гектар ба меваҳои мағздор, 1,4 гектар ба меваҳои субтропикӣ ва 32,5 гектар ба буттамевагиҳо рост меояд.

Қобили зикр аст, ки аз ҳаҷми умумии боғҳои нав 336,5 гектар дар заминҳои лалмӣ бунёд гардида, ин раванд шаҳодати беҳтар гардидани истифодаи заминҳои камҳосил ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онҳо мебошад.

Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ 27,1 гектар токзорҳои нав бунёд гардидаанд, ки аз ин ҳаҷм қисми муайяни онҳо дар заминҳои лалмӣ ҷойгир мебошанд. Илова бар ин, 770,3 гектар боғҳо ва 72,1 гектар токзорҳо барқарор карда шудаанд, ки ба беҳтар гардидани ҳолати агротехникии боғу токзорҳои мавҷуда мусоидат менамоянд.

Умуман, натиҷаҳои бадастомада аз тамоюли мусбати рушди соҳаи мевапарварӣ ва токпарварӣ дар кишвар шаҳодат дода, дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ ва таҳкими амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас мегузоранд.




0 комментария к “РУШДИ СОҲАИ БОҒДОРӢ: 556,5 ГЕКТАР БОҒҲОИ НАВ ВА 72,1 ГЕКТАР ТОКЗОРҲОИ БАРҚАРОРШУДА

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон