04.02.26
Дар соли 2025 дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 66 миллиарду 726,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2024 13,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамчунин суръати афзоиш бо дарназардошти нархҳои муқоисавӣ дар сатҳи 122,1 фоиз таъмин гардидааст.
Саноати мамлакат омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ буда, ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳарсола ба тадриҷ зиёд гардида истодааст. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатияшон ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд: “Ба мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар давраи татбиқи он (солҳои 2019 – 2025), яъне дар 7 соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Аз ҷумла дар соли 2025-ум 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намудааст.”.
Ҳамзамон Пешвои миллат таъкид доштанд, ки тадбирҳои дар самти саноатикунонии босуръати кишвар андешидашуда имкон доданд, ки дар ҳафт соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа дуюним баробар афзоиш ёфта, дар соли 2025 ба 66 миллиард сомонӣ расонида шавад.
Ба иттилои масъулин дар соли 2025 омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми саноати истихроҷ – 36,2 фоиз, саноати коркард – 10,5 фоиз, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – зиёда аз 13 фоиз ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа – 22,8 фоиз ба амал омадааст.
Амалишавии пайдарпайи чорабиниҳо оид ба рушди соҳаи саноат дар мамлакат ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатии минтақаҳои ҷумҳурӣ мусоидат намуд, ки дар соли 2025 суръати рушди соҳаи саноат дар вилояти Суғд нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 123,5 фоиз, вилояти Хатлон 111,1 фоиз ва шаҳри Душанбе 125,7 фоиз баланд гардида, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, ба 111,8 фоиз ва ВМКБ ба 104,8 фоиз баробар гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ 3972 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ — 362 адад, коркард — 3437 адад, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво — 72 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо — 101 адад фаъолият намудаанд.
0 комментария к “СУРЪАТИ АФЗОИШИ САНОАТИ КИШВАР ДАР СОЛИ 2025 ДАР САТҲИ 22,1 ФОИЗ ТАЪМИН ГАРДИД”