15.01.26
13 январ дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовара оид ба натиҷагирӣ аз ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омор дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Агентӣ, сардорони сарраёсатҳои Агентии омор дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе, сардорони мақомоти омори ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, раёсат, шуъба ва бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва Муассисаи давлатии “Маркази кулли ҳисоббарорӣ”-и Агентӣ иштирок доштанд.
Дар ҷаласа натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омор дар соли 2025 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт, ки аз рӯи ин масъала Асо Нурулло Асват, муовини якуми Директори Агентии омор гузориш дод.

Зикр гардид, ки мақомоти омор фаъолияти худро тибқи «Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2025» ба роҳ монда, вазифаҳои дар назди мақомот гузошташударо пурра иҷро намуд.
Дар ин давра 8563 кори оморӣ саривақт ба анҷом расонида шуд, ки аз иҷрои пурраи Барномаи корҳои оморӣ шаҳодат медиҳад.
Ҳамзамон муовини якуми Директори Агентӣ гузориш дод, ки давоми соли 2025 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва дигар истифодабарандагони маълумотҳои оморӣ, 3787 адад гузоришҳои ҳармоҳа оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, маҷмӯаҳои омории соҳавӣ ва бюллетенҳо фиристонида шуданд.
Ғайр аз ин, тибқи Барномаи корҳои оморӣ дар соли 2025 таҳқиқотҳои омории ҳамаи самтҳои барнома дар муҳлатҳои муқарраргардида гузаронида шуданд.

Зикр гардид, ки Агентии омор вобаста ба гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ низоми ҷамъоварӣ ва коркарди 231 шакли ҳисоботӣ оморӣ, ки аз онҳо 131 шакли ҳисоботӣ омори давлатӣ ва 100 шакли ҳисоботи байниидоравиро ташкил додаанд ба пуррагӣ бо усули элекронӣ роҳандозӣ намуд. Айни замон корҳо дар самти интегратсияи маълумотҳо бо вазорату идораҳо идома ёфта истодааст.
Дар давоми ҷаласа ҳисоботи сардорони мақомоти омор дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои шунида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои гуногуни пешбурди босифати корҳои оморӣ, саривақтӣ ва дақиқияти маълумоти омории тавсифкунандаи ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, риояи методологияи амалкунанда оид ба ташаккули омори расмӣ баррасӣ гардиданд.
Аз тарафи Директори Агентии омор Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба сардорони мақомоти омори маҳаллӣ оид ба фарогирии субъектҳои ҳисоботсупор, ҷамъоварии дурусти нишондиҳандаҳои ҳамаи соҳаҳо, махсусан кишоварзӣ ва саноат тибқи методологияи муайян, қатъиян аз байн бурдани таҳрифкорӣ, дуруст ба ҳисоботҳои оморӣ дохил намудани маҳсулоти растанипарварӣ, аз ҷумла картошка, инчунин ҷиҳати иҷрои супоришҳои дар Паёми Пешвои миллат зикршуда, қонунҳо, қарорҳо ва дигар дастуру супоришҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳо дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.

0 комментария к “НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТИИ ОМОР ДАР СОЛИ 2025”