05.11.25
Пешгирии коррупсия имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим дар ҷомеа мебошад. Ин амал вақте ба вуҷуд меояд, ки инсон вазифа ё имконияти худро барои манфиати шахсӣ истифода мебарад. Масалан, ришва гирифтан, додани пул барои ҳалли мушкил, суистифодаи мансаб — ҳамаи ин намунаҳои коррупсияанд. Коррупсия ба ҷомеа зарари калон мерасонад, зеро адолатро вайрон мекунад ва ба мардум боварии худро ба идораҳои давлатӣ кам мекунад.
Дар Тоҷикистон, ки роҳи рушди устуворро интихоб кардааст, мубориза бо коррупсия хеле муҳим аст. Давлат қонунҳо ва барномаҳои махсус қабул мекунад, аммо барои бартараф кардани ин мушкил танҳо қонун кофӣ нест. Муҳим он аст, ки ҳар як шаҳрванди кишвар, хусусан ҷавонон, худ фикр кунанд, ки коррупсия чӣ оқибатҳои бад дорад ва чаро бояд аз он дур буд.
Коррупсия танҳо мушкили идораҳо нест — ин мушкиле мебошад, ки ба ҳаёти ҳар инсон таъсир мерасонад. Агар дар ҷомеа ришва қабул шавад, имкони баробар барои одамон аз байн меравад. Касе, ки пул дорад, тезтар мушкилашро ҳал мекунад, ва касе, ки надорад, дар навбат мемонад. Ин ба ҷомеа нобаробарӣ меорад ва мардумро ноумед мекунад.
Ҷавонон дар мубориза бо коррупсия нақши хеле калон доранд. Чаро? Зеро онҳо насли нав, қавӣ ва бо фикрҳои тозаанд. Агар ҷавонон бо виҷдон, ростқавл ва бе ришва зиндагӣ кунанд, ҷомеа тадриҷан тағйир меёбад. Ҷавонон метавонанд ба дигарон нишон диҳанд, ки муваффақият бо роҳҳои дуруст ҳам ба даст меояд.Имрӯз дар кишвар чорабиниҳо, тренингҳо ва барномаҳои гуногун гузаронида мешаванд, то ҷавонон дар бораи зарари коррупсия огоҳ шаванд. Ҷавон метавонад дар чунин барномаҳо ширкат кунад, сухан ронад, ба дигарон маслиҳат диҳад ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ғояҳои зидди коррупсияро паҳн намояд.
Ҳар як ҷавон бояд бидонад: агар мо имрӯз дар баробари коррупсия мубориза набурем, фардо ҷомеаи мустақил ва одилона сохта намешавад. Оянда маҳз ба дасти ҷавонон аст. Агар онҳо роҳи ростро интихоб кунанд, коррупсия тадриҷан аз ҷомеа нопадид мешавад. Коррупсия фақат бо қонун не — бо одоби инсон, бо виҷдон ва бо масъулияти ҷавонон нобуд мешавад. Ҳар ҷавоне, ки поквиҷдон аст ва ришваро қабул намекунад, қадаме ба сӯи ҷомеаи солим мегузорад.
Биёед, ҳама якҷо кӯшиш кунем, то дар тамоми Тоҷикистон аз ин доғи рӯз пок гардад. Зеро ҷомеаи бидуни коррупсия – ҷомеаи боадолат, боэътимод ва рушдёбанда аст.
0 комментария к “Коррупсия — доғи рӯз ва масъулияти ҳар шаҳрванд”