15.12.25
Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон” баргузор гардид.
Бо мақсади амалигардонии Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030 аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли севвум аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» баргузор карда мешавад.

Боиси ифтихор аст, ки соли соли ҷорӣ дар ин озмун яке аз кормандони фаъоли Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шуъбаи методологияи оморӣ ва таснифоти Агентӣ Ҳилола Бегова ширкат варзида, дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи дуюм гардид.
Аз номи роҳбарият ва кормандони мақомоти омор ғолибиятро ба Ҳилола таҳният гуфта, дар ҷодаи фаъолият дастовардҳои тозаро барояш таманно менамоем.
0 комментария к “ИФТИХОРИ МО!”