05.12.25
Раёсати омори саноат ва инвеститсияҳо дар сохтмон
мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 2265 сомонӣ 70 дирам
Раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодӣ ва робитаҳои байналмилалӣ
сармутахассис– 1 ҷой, маоши мансабӣ 2780 сомонӣ 00 дирам
Раёсати системаи ҳисобҳои миллӣ ва омори молия
мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1862 сомонӣ 60 дирам;
Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоӣ
мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 2265 сомонӣ 70 дирам
Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус;
сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 2780 сомонӣ 00 дирам;
Шуъбаи молия ва ҳисобот;
мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 2265 сомонӣ 70 дирам
Бахши коргузорӣ ва назорат:
мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 2265 сомонӣ 70 дирам;
Раёсати Агентии омор дар шаҳри Турсунзода;
мутахассиси – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1529 сомонӣ 00 дирам;
Раёсати Агентии омори дар шаҳри Ваҳдат:
мутахассиси пешбар – 1ҷой, маоши мансабӣ 1862сомонӣ 60 дирам:
Шуъбаи Агентии омор дар ноҳияи Шаҳринав;
мутахассис пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1461 сомонӣ;
Шуъбаи Агентии омор дар ноҳияи Рашт;
мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1461 сомонӣ;
Бахши Агентии омор дар ноҳияи Лахш;
мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1461 сомонӣ;
Довталабон барои ишғол намудани мансабҳои холии зикршуда ба талаботҳои тахассусии зерин бояд ҷавобгў бошанд:
барои сармутахассисон – таҳсилоти олӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
барои мутахассисони пешбар – таҳсилоти олӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт (омор), 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
барои мутахассисон – таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт (омор);
Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», забони давлатӣ ва кор бо компютер барои ҳамаи довталабон ҳатмист.
Довталабон ба Комиссияи озмун ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:
– аризаи шахсӣ ба унвони Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷозати иштирок намудан дар озмун;
– варақаи баҳисобгирии кадрҳо;
– тарҷумаи ҳол;
– 3 дона расми андозаи 3х4;
– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
– нусхаи шиноснома;
– маълумотнома барои надоштани доғи судӣ
– гувоҳномаи андозсупоранда аз мақомоти дахлдор оид ба андоз;
– маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 086).
Довталабон метавонанд ба суроғаи зерин муроҷиат намоянд:
734025, ш.Душанбе, кўчаи Бохтар 17,
Тел: 221-57-21; 227-63-24;
Мўҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 21 рўз баъди чопи эълон
0 комментария к “АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН барои ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин ОЗМУН эълон менамояд:”