Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

МИССИЯИ БОНКИ ҶАҲОНӢ ДАР АГЕНТӢ БА КОРИ ХУД ОҒОЗ КАРД

МИССИЯИ БОНКИ ҶАҲОНӢ ДАР АГЕНТӢ БА КОРИ ХУД ОҒОЗ КАРД

Имрӯз дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Миссияи Бонки Ҷаҳонӣ оид ба дастгирии татбиқ ва назорати Лоиҳаи навкунии низоми миллии омори Тоҷикистон таҳти раёсати роҳбари лоиҳа Алишер Раҷабов ва коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ба кори худ оғоз кард.

Нахуст мулоқоти Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо роҳбарияти лоиҳа ва коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ баргузор гардид, ки зимни он масъалаҳои марбут ба раванди татбиқи лоиҳа, вазифаҳои дарпешистода ва барномаи кори миссия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин баргузории мулоқотҳои Гурӯҳи татбиқи лоиҳа бо мутахассисони Агентии омор ва Вазорати молия ҷиҳати баррасии масъалаҳои вобаста ба барномаи кории миссияи мазкур дар назар гирифта шудааст.

Дар доираи кори миссия роҳбари лоиҳа ва гурӯҳи коршиносон барои огаҳӣ пайдо кардан аз раванди навакунии низоми милли омор бо фаъолияти мақомоти омори маҳаллӣ низ ошно хоҳанд шуд.

Миссияи Бонки Ҷаҳонӣ то 14 ноябри соли ҷорӣ идома меёбад.




0 комментария к “МИССИЯИ БОНКИ ҶАҲОНӢ ДАР АГЕНТӢ БА КОРИ ХУД ОҒОЗ КАРД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон