24.10.25
Имрӯз дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентӣ, роҳбари намояндагии Хазинаи нуфуси СММ дар Тоҷкистон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, аъзои Шурои ҳамоҳангсозӣ вобаста ба масалаҳои оморӣ ва намояндагони вазорату идораҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии омор ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи омор баргузор гардид.
Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо сухани табрикии худ ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии омор ба ҷаласа ҳусни оғоз бахшида, таҷлил аз ин таърихи рӯзро нишони арҷгузорӣ ба фаъолияти мутахассисоне унвон кард, ки бо фаъолияти пурмасъулият ва заҳмати рӯзафзуни худ дар ҷамъоварӣ, коркард, таҳлил ва паҳн намудани маълумоти оморӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Ҳамзамон таъкид намуд, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир маълумот ва таҳлили дақиқи оморӣ сарчашмаи асосии сиёсати давлатӣ ва идоракунии самаранок ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти аҳаммияти баланди соҳа, дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми омори миллии мо таҳти роҳнамоии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила рушд ёфта, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Аз ҷумла, дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон қадамҳои муҳим дар самти такмили низоми миллии омор, ҷорӣ намудани усулҳои муосири ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот, гузариш ба технологияҳои рақамӣ, электроникунонии ҳисоботҳо ва ҳамоҳангсозии нишондиҳандаҳо бо стандартҳои байналмилалӣ гузошта шуданд.

Дар натиҷа, имрӯз мақомоти омор бо истифода аз имконоти технологияҳои муосири иттилоотӣ ва роҳандозии усулҳои нави корбарӣ тавонистааст ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва таҳлили маълумотро ба сатҳи сифатан нав барорад ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намояд.
Дар идоми ҷаласа роҳбари намояндагии Хазинаи нуфуси СММ дар Тоҷкистон Наргис Раҳимова баромад намуда, таъкид дошт, ки Шурои ҳамоҳангсозии донорон оид ба маълумот ва омор дар пешрафт ва рушди низоми омори Тоҷикистон нақши муҳим дошта, ҳадафи аслии шуро истифодаи самараноки маблағҳои ҷудошуда, пешгирӣ аз такроршавӣ ё баргузории чорабиниҳои шабеҳ дар соҳаи омор, ҳалли масъалаҳои марбут ба маблағгузории чорабиниҳо ва лоиҳаҳо, инчунин истифодаи мақсадноки маълумоти оморӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки то имрӯз Агентии омор бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои молиявию байналмилалӣ, аз ҷумла бо Бонки Ҷаҳонӣ, Хазинаи нуфусии СММ, Хазинаи байналмилалии Асъор (ХБА), Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Барномаи рушди СММ (БРСММ), Барномаи озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО) ва дигар шарикони рушд ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода иброз дошт, ки мақомоти омори Тоҷикистон аз ҳамкорӣ ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи ташкилотҳои мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, дар самти густариши муносибаҳои минбаъда низ омода аст.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа аз тарафи мутахассисони омор оид ба дастовард, мушкилот ва афзалиятҳои низоми миллии омор ва натиҷаи баҳогузории глобалии низоми омори Тоҷикистон тариқи рӯнамо маърӯза карда шуд.
Дар охир дар доираи мавзуҳои ҷаласа ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи омори давлатии Тоҷикистон, муайян намудани самтҳои афзалиятнок ва дигар масъалаҳо ибрози назар карда шуд.
0 комментария к “ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ ДАР СОҲАИ ОМОР ВА ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОМОР”