Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

АГЕНТИИ ОМОР АЗ ФАЪОЛИЯТИ НУҲМОҲА НАТИҶАГИРӢ НАМУД

АГЕНТИИ ОМОР АЗ ФАЪОЛИЯТИ НУҲМОҲА НАТИҶАГИРӢ НАМУД

17 октябр дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовара оид ба натиҷагирӣ аз ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омор дар нуҳ моҳи соли 2025 ва вазифаҳо то охири сол баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Агентӣ, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Муқаддасзода, сардорони сарраёсатҳои Агентии омор дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе, сардорони мақомоти омори шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, раёсат, шуъба ва бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва Муассисаи давлатии “Маркази кулли ҳисоббарорӣ”-и Агентӣ иштирок доштанд.

Дар ҷаласа натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омор дар нуҳ моҳи соли 2025 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт, ки аз рӯи ин масъала Назарзода Зарина, муовини Директори Агентии омор гузориш дод.

Зикр гардид, ки мақомоти омор фаъолияти худро тибқи «Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2025» ба роҳ монда, вазифаҳои дар назди мақомот дар нуҳ моҳи соли 2025 гузошташударо пурра иҷро намуд.

Дар ин давра 6540 кори оморӣ саривақт ба анҷом расонида шуд, ки аз иҷрои пурраи Барномаи корҳои оморӣ шаҳодат медиҳад.

Дар давоми ҷаласа ҳисоботи сардорони мақомоти омор дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои гуногуни пешбурди босифати корҳои оморӣ, саривақтӣ ва дақиқияти маълумоти омории тавсифкунандаи ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, риояи методологияи амалкунанда оид ба ташаккули омори расмӣ баррасӣ гардиданд.

Аз тарафи Директори Агентии омор Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба сардорони мақомоти омори маҳаллӣ оид ба фарогирии субъектҳои ҳисоботсупор, ҷамъоварии дурусти нишондиҳандаҳои оморӣ, махсусан соҳаи кишоварзӣ, инчунин ҷиҳати иҷрои супоришҳои дар Паёми Президент зикршуда, қонунҳо, қарорҳо ва дигар дастуру супоришҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳо дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.




0 комментария к “АГЕНТИИ ОМОР АЗ ФАЪОЛИЯТИ НУҲМОҲА НАТИҶАГИРӢ НАМУД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон