23.09.25
Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ба масоҳати умумии 740,9 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд. Дар ин бора Фирдавс Асматбекзода, сардори Раёсати омори саноат ва сармоягузориҳо дар сохтмони Агентии омор иттилоъ дод.
Дар ин давра сармоягузории сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи 16 миллиарду 82,6 миллион сомонӣ истифода шудааст, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 120,9 фоизро ташкил додааст.
ВМКБ – 722,2 млн. сомонӣ ё 4,5 фоиз;
вилояти Хатлон – 2 млрд. 341,8 млн. сомонӣ ё 14,6 фоиз;
вилояти Суғд – 2 млрд. 085,5 млн. сомонӣ ё 13,0 фоиз;
ш.Душанбе – 4 млрд. 615,5 млн. сомонӣ ё 28,7 фоиз;
НТҶ – 6 млрд. 317,6 млн. сомонӣ ё 39,2 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузориҳо.
дар вилояти Суғд – 303,1 ҳазор метри мураббаъ (40,9%),
дар вилояти Хатлон – 168 ҳазор метри мураббаъ (22,7%),
дар шаҳри Душанбе – 195,1 ҳазор метри мураббаъ (26,3%),
дар НТҶ – 68,9 ҳазор метри мураббаъ ё 9,3%.
Ба иттилои Фирдавс Асматбекзода дар ин муддат 15 адад мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 16380 ҷойи талаба, аз ҷумла дар дар вилояти Хатлон 7947 ҷойи талаба, дар шаҳри Душанбе 6365 ҷой, Суғд 1460 ҷой, дар НТҶ 512 ҷой ва дар ВМКБ 96 ҷой барои талаба сохта, ба истифода дода шудаанд.
0 комментария к “БА СОҲАИ СОХТМОН ЗИЁДА АЗ 16 МИЛЛИАРД СОМОНӢ САРМОЯГУЗОРӢ ШУДААСТ”