Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ ОИД БА ҲАМКОРИИ ОМОРӢ БА ИМЗО РАСИД

БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ ОИД БА ҲАМКОРИИ ОМОРӢ БА ИМЗО РАСИД

3 сентябр дар Пекин байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Яке аз онҳо Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории оморӣ байни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои миллии омори Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.

Ин санад ба мубодилаи иттилоот ва табодули таҷриба оид ба самтҳои афзалиятноки рушди омори расмӣ, аз ҷумла методологияи оморӣ, стандартҳо ва равандҳо равона мегардад.

Дар доираи ин санади ҳамкорӣ мубодилаи таҷриба оид ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва сарчашмаҳои нави маълумот барои таҳияи омори расмӣ, аз ҷумла рақамикунонии фаъолияти оморӣ, татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар ҷамъоварии маълумот ва истифодаи маълумоти калон дар таҳқиқоти оморӣ ва барӯйхатгирӣ амалӣ карда мешавад.

Инчунин ҷонибҳо дар оянда сафарҳои дуҷонибаи мутахассисонро бо мақсади омӯзиши таҷриба ва такмили малака дар самти ҷамъоварӣ, коркард, таҳлил ва паҳнкунии маълумоти омори расмӣ бештар менамоянд.

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои миллии омори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории оморӣ бо мақсади табодули таҷриба оид ба усулҳои пешрафтаи ташаккули омори расмӣ ҷаласа, семинар ва конфронсҳои муштарак доир менамоянд.




0 комментария к “БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ ОИД БА ҲАМКОРИИ ОМОРӢ БА ИМЗО РАСИД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон