07.05.25
Боғу токпарварӣ ҳамчун соҳаи пурмаҳсули комплекси агросаноатии мамлакат дар бобати таъмини аҳолӣ бо маводи хӯрока, афзун гардондани имкониятҳои содиротии мамлакат ва бо ҷойҳои кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мавқеи муҳим дорад.
Дар ин самт, қабл аз ҳама, рушди соҳаи кишоварзӣ, ки омили муҳимтарини беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат маҳсуб меёбад, таҳти назорату ғамхории махсуси Ҳукумати кишвар қарор дорад.
Бо мақсади рушди соҳа, тадриҷан зиёд намудани истеҳсоли меваю ангур тибқи маълумоти оморӣ то 1 апрели соли 2025 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии мамлакат 167,7 гектар боғҳои нав бунёд карда шудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 1,7 баробар зиёд мебошад. Аз масоҳати умумии боғҳо 92,3 гектар мевагиҳои тухмдор, 66,8 гектар мевагиҳои донакдор, 6,3 гектар меваҳои мағздор ва 2,3 гектарро меваҳои субтропикӣ ташкил медиҳанд. Аз миқдори умумии боғҳои нав 80 гектар дар заминҳои лалмӣ бунёд карда шудаанд.
Дар ин давра дар масоҳати 31,4 гектар токзорҳои нав бунёд гадиданд, ки аз ин миқдор 16,1 гектар дар заминҳои лалмӣ рост меоянд.
Ғайр аз ин барқарорсозии боғу токзори куҳна дар якҷоягӣ 461,3 гектарро ташкил додааст.
Мавриди зикр аст, ки истифодаи техника ва технологияи муосири соҳа ва риояи ҳатмии қоидаҳои агротехникӣ барои рушди соҳаи боғдорӣ ва токпарварӣ дар мамлакат заминаҳои мусоид фароҳам оварда, дар баландшавии нишондодҳои ҳосилнокии замин, махсусан боғу токзор нақши муҳим мегузорад.
0 комментария к “СОҲАИ БОҒУ ТОКПАРВАРӢ ДАР МАСИРИ РУШД”