23.07.25
Сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳимми рушди иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, ҳамасола боздиди сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон беш аз пеш афзоиш меёбад.
Дар давоми нимсолаи якуми соли 2025 зиёда аз 925,7 ҳазор хориҷиён аз Тоҷикистон боздид намудаанд. Ин нишондиҳанда — 177,4 ҳазор нафар ё 23,7 фоиз нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Мутобиқи маълумоти оморӣ, беш аз 762,3 ҳазор нафари онҳо тибқи методологияи Созмони Ҷаҳонии Сайёҳӣ ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ мешаванд. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ соли 31,3 фоиз зиёд аст.
Шумораи шаҳрвандони хориҷии аз кишварҳои ИДМ ба ҷумҳурӣ омада 850,6 ҳазор нафар ё 91,9 фоизи шумораи умумии онҳоро ташкил намудааст, ки аз ин 699,4 ҳазор нафари онҳо сайёҳ мебошанд.
Шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки аз кишварҳои хориҷии дур ба ҷумҳурӣ омадаанд, 75,1 ҳазор нафарро ташкил додааст (мутаносибат 8,1% аз шумораи умумӣ) ва 62,9 ҳазор нафари онҳо сайёҳон будаанд.
Дар давраи зикршуда аксари шаҳрвандони хориҷии ба Тоҷикистон омада аз Ӯзбекистон будаанд. Шумораи онҳо зиёда аз 527 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки 56,9 фоизи теъдоди умумии онҳоро ташкил медиҳад.
Теъдоди сайёҳоне, ки дар давоми шаш моҳ аз Русия ба мамлакат ташриф овардаанд, 248,5 ҳазор нафар ё 26,8 фоизи теъдоди умумии онҳоро ташкил додааст. Дар ҷои сеюм Қирғизистон – 49,5 ҳазор нафар, Қазоқистон – 17,8 ҳазор нафар, баъдан Туркманистон – 3,2 ҳазор нафар, аз мамлакатҳои хориҷи дур бошад, Чин – 17,5 ҳазор нафар, Афғонистон — 9,7 ҳазор нафар, Эрон – 7,3 ҳазор нафар, ИМА – 5,9 ҳазор нафар, Туркия – 3,1 ҳазор нафар, Олмон – 3,3 ҳазор нафар, Ҳиндустон ва Ҷопон – 1,6 ҳазор нафарӣ, Австралия – 1,5 ҳазор нафар, Британияи Кабир, Фаронса, Ҷумҳурии Корея ва Италия – 1,4 ҳазор нафарӣ, Покистон ва Полша – 1,3 ҳазор нафарӣ ва Канада 1,1 ҳазор нафар мебошанд.
0 комментария к “91,9 ФОИЗИ ШУМОРАИ УМУМИИ САЙЁҲОНИ ХОРИҶИИ БА ТОҶИКИСТОН ОМАДА АЗ КИШВАРҲОИ ИДМ МЕБОШАНД”