25.09.25
24 сентябр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳошияи Форуми байналмилалӣ таҳти унвони “Афзалиятҳои рушди омор: нақши лоиҳаҳои байналмилалӣ”, Ҷаласаи 73-юми Шурои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар кори он Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода иштирок намуд.
Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни суханронӣ баргузории ҷаласаи мазкурро дар шароити пешрафти босуръати технологӣ ва рақамисозии ҷаҳонӣ дар беҳтар гардидани низоми мақомоти омори давлатҳои иштирокдори ИДМ муҳим арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки мо мутахассисони соҳаи омор дар татбиқи нақшаву барномаҳои корӣ метавонем танҳо бо кӯшишу талошҳои рӯзафзун ва пешниҳоди маълумоти дурусту боэътимод ва шаффоф саҳм дошта бошем.
Оид ба раванди амалисозии Лоиҳаи “Рушди омори ИДМ”;
Омодагӣ ба баргузории маъракаи барӯйхатгирии аҳолии давраи 2030 дар минтақаи ИДМ;
Оиди баргузории ҷаласаи 74-уми роҳбарони мақомоти омори давлатҳои аъзои ИДМ.
0 комментария к “ҶАМШЕД НУРМАҲМАДЗОДА ДАР ҶАЛАСАИ 73-ЮМИ ШУРОИ РОҲБАРОНИ МАҚОМОТИ ОМОРИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ ИШТИРОК НАМУД”