Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ҶАЛАСАИ ВАСЕИ МУШОВАРАИ АГЕНТИИ ОМОР

ҶАЛАСАИ ВАСЕИ МУШОВАРАИ АГЕНТИИ ОМОР

13 апрели соли 2026 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар семоҳаи якуми соли 2026 ва муайян намудани вазифаҳои минбаъда то охири сол бо иштироки роҳбарияти Агентӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони мақомоти маҳаллии омор баргузор гардид.

Ҷаласаро Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки натиҷаҳои фаъолияти мақомоти омор дар давраи ҳисоботӣ бояд мавриди таҳлили амиқ ва ҳамаҷониба қарор гирифта, ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта ва боз ҳам баланд бардоштани сифати корҳои оморӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд.
Сипас Муовини директори Агентии омор Мирзоён Нодир Рамазонӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар семоҳаи якуми соли 2026 маърӯзаи муфассал ироа намуда, дастовардҳо, мушкилоти мавҷуда ва самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи низоми оморро шарҳ дод.


Дар ҷараёни ҷаласа сардорони сарраёсатҳои Агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва инчунин раёсату шуъбаҳои мақомоти омор дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳисобот дода, фаъолияти худро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ ба онҳо барои боз ҳам тақвият бахшидани сатҳу сифати ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили маълумоти оморӣ дастуру супоришҳои мушаххас ва тавсияҳои судманд ироа гардид.
Зимни ҷамъбасти ҷаласа таъкид шуд, ки дар маркази таваҷҷуҳи мақомоти омор бояд масъалаҳои таъмини саривақтӣ, дақиқӣ ва эътимоднокии маълумоти оморӣ, риояи қатъии методологияи амалкунанда, инчунин баланд бардоштани сатҳи касбият ва масъулияти кормандон қарор дошта бошанд.
Директори Агентӣ ба роҳбарони мақомоти омори маҳаллӣ дастур дод, ки ҷиҳати такмили фаъолияти ҳисоботдиҳӣ, таҳкими назорат бар сифати маълумот ва истифодаи самараноки технологияҳои муосири иттилоотӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.




0 комментария к “ҶАЛАСАИ ВАСЕИ МУШОВАРАИ АГЕНТИИ ОМОР

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон