17.10.26
16 октябр дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар нуҳ моҳи соли 2026 ва муайян намудани вазифаҳо то охири сол баргузор гардид.
Дар ҷаласа директори Агентии омор Ҷамшед Нурмаҳмадзода, муовинони директор, роҳбарони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказӣ, роҳбарони мақомоти омори маҳаллӣ ва дигар масъулон иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, ба масъалаҳои таъмини саҳеҳӣ, пуррагӣ ва эътимоднокии маълумоти оморӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ, такмили методологияи оморӣ, рақамикунонии равандҳои ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот, инчунин бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Қайд гардид, ки дар нуҳ моҳи соли 2026 фаъолияти Агентӣ дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2026 ба роҳ монда шуда, дар ин давра 7146 кори оморӣ анҷом дода шудааст. Ҳамзамон, ба Агентӣ 2741 ҳуҷҷат ворид гардида, 3642 ҷавоб ба муроҷиатҳо, дархостҳои расмӣ ва дигар мукотибот омода ва ирсол карда шуда, 2980 гузориш, маҷмӯаи оморӣ ва бюллетени соҳавӣ ба истифодабарандагон пешниҳод гардидааст.

Дар самти такмили методология ва низоми ҳисоботдиҳии оморӣ як қатор тадбирҳо амалӣ гардида, шаклҳои нави ҳисобот таҳия ва тасдиқ шуданд, ба таснифоти умумии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ тағйиру иловаҳо ворид гардиданд ва истифодаи технологияҳои рақамӣ дар раванди ҷамъоварии маълумот густариш ёфт.
Дар баробари дастовардҳо, таҳлилҳо нишон доданд, ки дар фаъолияти баъзе мақомоти омори шаҳру ноҳияҳо камбудиҳо вобаста ба фарогирии пурраи субъектҳои ҳисоботдиҳанда, сари вақт пешниҳод намудани ҳисоботҳо ва санҷиши мантиқии нишондиҳандаҳои оморӣ ҳанӯз ҷой доранд.
Директори Агентии омор Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни баррасии масъалаҳо ба роҳбарони мақомоти омори маҳаллӣ ва масъулони сохторҳои дахлдор ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда ва баланд бардоштани сифати маълумоти оморӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки сифати омори давлатӣ на танҳо аз ҳаҷми ҳисоботҳои ҷамъоваришуда, балки пеш аз ҳама аз воқеият, пуррагӣ, саривақтӣ ва эътимоднокии маълумоти пешниҳодшаванда вобаста мебошад.
Дар ин замина, роҳбарони мақомоти омори вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ»-ро қатъиян риоя намуда, ҳар як ҳисоботро пеш аз ҷамъбаст аз санҷиши мантиқӣ гузаронанд, нишондиҳандаҳоро бо маълумоти ибтидоӣ ва дигар манбаъҳои боэътимод муқоиса карда, ба ҳолатҳои изофанависӣ ва таҳрифи маълумоти оморӣ роҳ надиҳанд.

Ҳамзамон, зарурати тақвияти ҳамкорӣ бо мақомоти андоз, адлия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои дахлдор ҷиҳати фарогирии пурраи субъектҳои хоҷагидор ба ҳисоботи оморӣ таъкид гардид. Ба масъулон инчунин супориш дода шуд, ки назорати маълумоти соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, сохтмон ва хизматрасониро пурзӯр намуда, истифодаи дурусти низомҳои электронии ҳисоботдиҳӣ, ҳифзи маълумот ва масъулияти шахсии кормандонро таъмин намоянд.
Дар ҷаласа масъалаҳои рушди ҳамкориҳо бо шарикони рушд, такмили ихтисоси кормандон, гузариш ба усулҳои электронии ҷамъоварии маълумот, беҳтар намудани таҳқиқоти оморӣ, аз ҷумла таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо ва қувваи корӣ, инчунин татбиқи чорабиниҳои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа бо мақсади таъмини иҷрои босифати вазифаҳои дарпешистода ва бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда қарори дахлдори мушовара қабул гардид. Тибқи он, роҳбарони воҳидҳои сохтории Агентӣ ва мақомоти омори маҳаллӣ вазифадор карда шуданд, ки иҷрои пурра ва саривақтии Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2026, саҳеҳию эътимоднокии нишондиҳандаҳо ва иҷрои супоришҳои қабулшударо таъмин намуда, натиҷаи корҳои анҷомдодашударо дар муҳлатҳои муқарраргардида ба роҳбарияти Агентӣ пешниҳод намоянд.
0 комментария к “ҶАЛАСАИ ВАСЕИ МУШОВАРАИ АГЕНТИИ ОМОР”