24.09.25
24 сентябри соли 2025 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Форуми байналмилалӣ дар мавзўи “Афзалиятҳои рушди омор: нақши лоиҳаҳои байналмилалӣ” ба кори худ оғоз кард, ки дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода иштирок доранд.
Форуми мазкур аз ҷониби Кумитаи байнидавлатии омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ташкил гардида, ҳамасола дар яке аз давлатҳои аъзои ИДМ баргузор мешавад, ки дар он масъалаҳои муҳими оморӣ аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ва мутахассисони мақомоти омори давлатҳо баррасӣ мегарданд.
Форум то 26 сентябр идома ёфта, дар кори он ҳайати Тоҷикистон дар мавзуҳои мухталифи оморӣ рӯнамоӣ менамоянд.
Ҳамзамон дар ҳошияи ин форум ҷаласаи 73-юми Шӯрои роҳбарони мақомотҳои давлатҳои аъзои ИДМ ба нақша гирифта шудааст.
Илова ба ин, дар рафти ин сафар Ёддошти тафоҳум байни Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон ва Кумитаи омори Ҷумҳурии Озарбойҷон аз ҷониби роҳбарони мақомоти омори ду кишвар ба имзо расонида мешавад. Пас аз ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум ҳамкориҳо дар самти мубодилаи маълумот, омӯзиш ва табодули таҷриба байни мақомотҳои омори Тоҷикистону Озарбойҷон густариш хоҳанд ёфт.
0 комментария к “ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР БА АФЗАЛИЯТҲОИ РУШДИ ОМОР ДАР ШАҲРИ БОКУИ ОЗАРБОЙҶОН ИШТИРОК ДОРАНД”