25.12.25
Соли 2025 ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ ба 50 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2021 65 фоиз ё 20 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Бо вуҷуди ин, вазъи мураккабу пешгӯйинашавандаи сиёсиву иқтисодии ҷаҳони имрӯза моро водор месозад, ки низоми молиявии ҷумҳуриро ба меъёрҳои муосир мутобиқ намуда, самаранокии идоракунии молияи давлатиро боз ҳам баланд бардорем. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз доштанд.
Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки «самаранокии хароҷоти давлатӣ бояд ба натиҷаҳои аз ҳар вақти дигар бештар нигаронида шавад. Вазорати молия бояд якҷо бо вазорату идораҳои соҳавӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ин ҷода тадбирҳои иловагӣ андешад».
Ховар
0 комментария к “Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ соли 2025 ба 50 миллиард сомонӣ баробар гардид”