03.11.25
Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ ва иқдомҳои лозимӣ, бахши кишоварзӣ дар кишвар ҳамасола рушд ёфта, дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагии мамлакат ба 58 миллиарду 680,8 миллион сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 8,1 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, дар соҳаи растанипарварӣ 42 миллиарду 777,2 миллион сомонӣ, ё 7,5 фоиз ва чорводорӣ бошад, 15 миллиарду 903,6 миллион сомонӣ ё 9,8 фоиз зиёд аст.
Бояд гуфт, ки дар ин давра ҳиссаи вилояти Хатлон дар маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакат 52,8 фоизро ташкил дода, ҳаҷми истеҳсол ба 30,9 миллиард сомонӣ ё 107,5 фоиз баробар гардидааст.
Дар ин давра ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ дар ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 13 фоизро ташкил додааст, ки ин нишондод дар хоҷагиҳои вилоятҳои Суғд 18,5 фоиз, ВМКБ 24 фоиз Хатлон ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 10,2 фоизӣ баробар аст.
Аз ҷумла, дар ин давра ба хоҷагиҳои деҳқонӣ 39,6 фоизи ҳиссаи ҳаҷми умуми маҳсулоти кишоварзӣ рост меояд. Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ 47,4 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондод дар хоҷагиҳои ВМКБ 63,1 фоиз, вилоятҳои Суғд 37,5 фоиз, Хатлон 52,1 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 51,1 фоизро ташкил медиҳад.
0 комментария к “ҲАҶМИ МАҲСУЛОТИ УМУМИИ КИШОВАРЗӢ БА 58,6 МИЛЛИАРД СОМОНӢ БАРОБАР ШУД”