Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР АГЕНТИИ ОМОР БО ТАНТАНА ТАҶЛИЛ ГАРДИД

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР АГЕНТИИ ОМОР БО ТАНТАНА ТАҶЛИЛ ГАРДИД

Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони Агентӣ иштирок намуданд.

Ҳамоишро муовини директори Агентӣ Назарзода Зарина оғоз намуда, паёми табрикии директори Агентиро ба муносибати ин санаи муҳими давлатӣ ба самъи ҳозирин расонид.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзи соҳибистиқлолӣ, давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сарҷамъӣ ва ифтихори ватандории мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Он таҷассумгари таъриху фарҳанги пурғановати миллат, ормонҳои миллӣ ва нишонаи соҳибдавлатии тоҷикон мебошад.

  • Дар идомаи ҳамоиш кормандони Агентӣ вобаста ба таърихи қабули Парчами давлатӣ, ҷойгоҳи он дар таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва нақши ин рамзи муқаддас дар тарбияи ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон маърӯзаҳо пешниҳод намуданд.

Зикр гардид, ки эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар буда, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва гиромидошти арзишҳои истиқлолият бояд дар меҳвари фаъолияти ҳар як корманд қарор дошта бошад.

Ҳамоиши тантанавӣ дар фазои идона ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, иштирокдорон бори дигар садоқату эҳтироми худро ба муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои давлатдории миллӣ иброз доштанд.




0 комментария к “РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР АГЕНТИИ ОМОР БО ТАНТАНА ТАҶЛИЛ ГАРДИД”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон