Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ИСТЕҲСОЛИ ШИР ВА ТУХМ ДАР ТОҶИКИСТОН АФЗОИШ ЁФТ

ИСТЕҲСОЛИ ШИР ВА ТУХМ ДАР ТОҶИКИСТОН АФЗОИШ ЁФТ

Дар моҳҳои январ–сентябри соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли шир ва тухм нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфтааст.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 770 ҳазору 436 тонна шир истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 4,2 фоиз зиёд мебошад.

Афзоиши истеҳсоли шир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1,2 фоиз, вилояти Суғд 13,0 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 0,6 фоизро ташкил додааст.

Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ дар мамлакат 1 миллиарду 63,8 миллион дона тухм истеҳсол шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ–сентябри соли гузашта 3,0 фоиз зиёд мебошад.

Аз рӯйи минтақаҳо, истеҳсоли тухм дар вилояти Хатлон 8,7 фоиз, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 5,1 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2,2 фоиз ва вилояти Суғд 1,3 фоиз афзоиш ёфтааст.




0 комментария к “ИСТЕҲСОЛИ ШИР ВА ТУХМ ДАР ТОҶИКИСТОН АФЗОИШ ЁФТ”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон