15.10.26
Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати директори Агентӣ, раиси Шӯрои методологӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҷаласаи Шӯрои методологӣ баргузор гардид. Дар он масъалаҳои марбут ба такмили низоми ҳисоботи оморӣ, таҳияи шаклҳои нави ҳисоботӣ ва мутобиқ намудани нишондиҳандаҳои оморӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар оғози ҷаласа директори Агентӣ аҳаммияти такмили пайвастаи методологияи оморӣ, баланд бардоштани сифати маълумоти ҷамъоваришаванда ва таъмини муқоисапазирии нишондиҳандаҳоро таъкид намуда, масъалаҳои рӯзномаро ба иштирокчиён муаррифӣ кард.
Зимни баррасии масъалаҳо шаклҳои нави ҳисоботи омории байниидоравӣ оид ба нишондиҳандаҳои тағйирёбии иқлим ва воридоту содироти гидрофторкарбонҳо, инчунин тағйиру иловаҳо ба шакли ҳисоботи оморӣ дар бораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техникӣ пешниҳод ва муҳокима гардиданд.

Таъкид шуд, ки таҳияи шаклҳои нави ҳисоботӣ дар самти тағйирёбии иқлим ва гидрофторкарбонҳо барои ташкили низоми муназзами ҷамъоварии маълумот, мониторинги нишондиҳандаҳои муҳити зист ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи зарурӣ фароҳам меорад. Маълумоти мазкур дар таҳияи ҳисоботҳои миллӣ, арзёбии равандҳои иқлимӣ ва татбиқи чораҳои ҳифзи муҳити зист аҳаммияти муҳим дорад. Қайд гардид, ки шаклҳои пешниҳодшуда бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа гардидаанд.
Ҳамзамон, масъалаи такмили шакли ҳисоботи оморӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода баррасӣ шуда, зарурати васеъ намудани нишондиҳандаҳои ҷамъбастӣ ва мукаммал гардонидани маълумот дар бораи оқибатҳои чунин ҳолатҳо таъкид гардид. Аз ҷумла, пешбинӣ намудани тақсимоти маълумот оид ба осебдидагон ва фавтидагон аз рӯйи ҷинс, гурӯҳҳои синнусолӣ ва маъюбӣ имкон медиҳад, ки таъсири ҳолатҳои фавқулода ба гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ дақиқтар арзёбӣ гардида, барои таҳияи тадбирҳои муассири пешгирӣ ва ҳифзи аҳолӣ заминаи иттилоотӣ беҳтар карда шавад.
Дар идомаи ҷаласа масъалаи гузариш ба Системаи ҳисобҳои миллӣ (СҲМ)-2008 ва ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба шаклҳои дахлдори ҳисоботи оморӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин замина, зарурати бозбинии пешниҳодҳои методологӣ, аз ҷумла вобаста ба ҷорӣ намудани ҳисоботи семоҳаи холис дар омори соҳавӣ ва такмили ҳисобкунии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, таъкид карда шуд. Қарор гардид, ки пешниҳодҳои дахлдор пас аз бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва мувофиқа бо воҳидҳои сохтории масъули Агентӣ бори дигар мавриди омӯзиш қарор дода шаванд.
Директори Агентӣ дар анҷоми ҷаласа ба котиб ва аъзои Шӯрои методологӣ ҷиҳати тақвияти фаъолияти Шӯро, такмили минбаъдаи методологияи оморӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи пешниҳодҳои мутахассисон ва таъмини сифати ҳуҷҷатҳои таҳияшаванда дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар натиҷаи баррасии масъалаҳои рӯзнома Шӯрои методологӣ шаклҳои нави ҳисоботи омории байниидоравӣ оид ба тағйирёбии иқлим ва гидрофторкарбонҳоро тасдиқ намуда, тағйиру иловаҳоро ба шакли ҳисоботи оморӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода ҷонибдорӣ кард. Ҳамзамон, барои бозбинии масъалаҳои марбут ба гузариш ба СҲМ-2008 ва такмили шаклҳои дахлдори ҳисоботи оморӣ супоришҳои зарурӣ муайян гардиданд.
0 комментария к “ҶАЛАСАИ ШӮРОИ МЕТОДОЛОГИИ АГЕНТИИ ОМОР: ТАКМИЛИ ШАКЛҲОИ ҲИСОБОТҲОИ ОМОРӢ ВА МУТOБИҚСОЗИИ ОНҲО БО СТАНДАРТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ”