17.02.26
Бо намудҳои гуногуни нақлиёти мусофиркашонӣ дар соли 2025 зиёда аз 1,1 миллиард мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба соли 2024 10,9 фоиз зиёд аст. Мусофиркашонӣ бо нақлиёти хушкигард дар ҷумҳурӣ нақши муҳим дорад. Ин аст, ки таносуби он 99,9 фоизи ҳаҷми умумии мусофиркашонии ҳамаи намуди нақлиётро ташкил медиҳад.
Инчунин дар ин давра бо нақлиёти автомобилӣ (вазорату идораҳо; корхонаю ташкилоти ҳамаи шаклҳои моликият, ки нақлиёти автомобилӣ доранд, соҳибкорони хусусӣ) зиёда аз 1 миллиард мусофир кашонида шудааст, ки нисбати соли 2024 11,1 фоиз зиёд аст.
0 комментария к “ШУМОРАИ МУСОФИРКАШОНӢ ДАР СОЛИ 2025 ТАВАССУТИ ҲАМА НАМУДИ НАҚЛИЁТ 10,9 ФОИЗ АФЗУД”