Мутобиқи қонунгузорӣ тамоми корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо ва умуман ҳамаи субъектҳои истеҳсоливу ғайриистеҳсолӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон бояб ба мақомоти оморӣ ҳисоботи заруриро саривақт, пурра ва ба таври дақиқ пешниҳод намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон

Озмуни ҷои кори холӣ

АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии хизмати

давлатии зерин ОЗМУН эълон менамояд:

 

Раёсати омори саноат ва инвеститсияҳо дар сохтмон

сармутахассис - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1040 сомонӣ;

 

Раёсати омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист

мутахассиси пешбар - 1 ҷой, маоши мансабӣ 847 сомонӣ;

мутахассис - 1 ҷой, маоши мансабӣ 696 сомонӣ 80 дирам;

 

Раёсати системаи ҳисобҳои миллӣ ва омори молия

мутахассис - 1 ҷой, маоши мансабӣ 696 сомонӣ 80 дирам;

 

Раёсати омори савдо ва хизатрасонӣ

мутахассиси пешбар - 1 ҷой, маоши мансабӣ 847 сомонӣ

мутахассис - 1 ҷой, маоши мансабӣ 696 сомонӣ 80 дирам;

 

Шуъбаи методологияи оморӣ ва таснифот

мутахассис - 1 ҷой, маоши мансабӣ 696 сомонӣ 80 дирам;

 

Шуъбаи нархҳо ва тарифҳо

мутахассиси пешбар - 1 ҷой, маоши мансабӣ 847 сомонӣ

 

Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар шаҳри Ваҳдат

мутахассис - 1 ҷой, маоши мансабӣ 660 сомонӣ

 

Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар шаҳри Турсунзода

сармутахассис - 1 ҷой, маоши мансабӣ 984 сомонӣ

мутахассис- 1 ҷой, маоши мансабӣ 660 сомонӣ

 

Шуъбаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар ноҳияи Файзобод

сармутахассис - 1 ҷой, маоши мансабӣ 936 сомонӣ

мутахассиси пешбар- 1 ҷой, маоши мансабӣ 768 сомонӣ

 

Бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар ноҳияи Тоҷикобод

мутахассиси пешбар- 1 ҷой, маоши мансабӣ 768 сомонӣ

 

Бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар ноҳияи Лахш

мутахассис - 1 ҷой, маоши мансабӣ 630 сомонӣ

 

Бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар ноҳияи Нуробод

мутахассис - 1 ҷой, маоши мансабӣ 630 сомонӣ

 

Бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар ноҳияи Сангвор

мутахассис - 1 ҷой, маоши мансабӣ 630 сомонӣ.

 

Довталабон барои ишғол намудани мансабҳои холии зикршуда ба талаботҳои тахассусии зерин бояд ҷавобгӯ бошанд:

барои сармутахассисон - таҳсилоти олӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

барои мутахассисони пешбар - таҳсилоти олӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт (омор), 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

барои мутахассисон - таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт (омор);

барои мутахассисони пешбар ва мутахассисони мақомоти омори маҳалӣ - таҳсилоти олӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт (омор), олии кишоварзӣ барои мутахассисони пешбар ва миёнаи касбии кишоварзӣ барои мутахассисон (менеҷмент агроном, агрономии боғпарвар-иқтисодиёт менеҷмент, технологияҳои нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ - иқтисодиёт менеҷмент, зоотехнология менеҷмент, беҳдошти замин-иқтисодиёт ва менеҷменти хоҷагии об,);

барои довталабони мақомоти омор дар маҳалҳо

дар доираи талаботи тахассусӣ ғайр аз ихтисосҳои иқтисодӣ, оморӣ ва математика, инчунин ихтисосҳои менеҷментии соҳаи кишоварзӣ (агрономӣ-менеҷмент, агрономи боғпарвар - иқтисодиёт менеҷмент, зоотехнология менеҷмент, технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ - иқтисодиёт менеҷмент, беҳдошти замин – иқтисодиёт ва менеҷменти хоҷагии об), барои мансабҳои категорияи шашум (мутахассиси пешбар) таҳсилоти олии кишоварзӣ ва барои категорияи ҳафтум (мутахассис) таҳсилоти миёнаи касбии кишоварзӣ ба инобат гирифта мешавад.

Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», забони давлатӣ ва кор бо компютер барои ҳамаи довталабон ҳатмист.

Довталабон ба Комиссияи озмун ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:

- аризаи шахсӣ ба унвонии директори Агентӣ;

  - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

- тарҷумаи ҳол;

- 2 дона расми андозаи 3х4;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ (шакли  038).

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Довталабон метавонанд ба суроғаи зерин муроҷиат намоянд:

ш.Душанбе, кӯчаи Бохтар 17, утоқи кории №306 ва №307

Тел: 227-63-24;  221-57-21; Fax: 221-43-75;

Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо ба муҳлати 21 рӯз  пас аз рӯзи нашри эълон.

Нашр шудааст: 11.03.2020