Дар шароити муносибатҳои иқтисоди бозорӣ бе ҳисобу китоб, таҳлили натиҷаҳои кор ва ба нақша гирифтани имкониятҳо пешрафти мунтазамро таъмин намудан ғайриимкон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷалби тарҷумон аз забони англиси ба русӣ

            Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби тарҷумон аз забони англиси ба русӣ - тарҷума кардани маводҳо барои гузаронидани семинар аз руи барномаи  CSPro эълон мекунад

            Талаботҳо:

  • маълумоти олӣ;
  • собиқаи корӣ дар соҳаи тарҷумонӣ;
  • донистани мавҳумҳои техникӣ ва оморӣ;
  • донистани забонҳои англисӣ ва русӣ.

            Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд маълумотномаи (объективка) худро бо пешниҳоди нусхаи ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот, нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда, нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, нусхаи сертификатҳо ва дигар ҳуҷҷатҳоро то соати 12.00, 24 майи соли 2019 ба суроғаи: stat@tojikiston.com             бо сарлавҳаи “Тарҷумон”  пешниҳод намоянд.

            Маълумоти иловагиро бо телефонҳои 221 37 21 ва 221 72 08 ё аз Раёсати барӯйхатгирии аҳолии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Бохтар – 17, гирифта метавонед.

            Номзади интихобшуда барои иҷрои корҳо моҳҳои май-июни соли 2019 ба кор ҷалб карда мешавад.

Нашр шудааст: 03.05.2019