Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Маҷмӯаи "Нишондиҳандаҳои гендерӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ" барои солҳои 2012-2017 аз чоп баромад

Дар маҷмӯаи мазкур нишондиҳандаҳои асосии рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ, маълумоти иқтисодии хоҷагиҳое, ки занҳо дар соли 2017 сарварӣ кардаанд ва маълумотҳои муқоисавӣ дар солҳои 2012-2017 оварда шудаанд. 

Ин маҷмӯаи оморӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2004 №196 дар бораи ворид намудани иловаҳо ба барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» ва иловаи он ба қисми IV «Дастрасии занони деҳот ба замин» коркард ва таҳлил шудааст.

Маҷмӯаи "Нишондиҳандаҳои гендерӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ" барои солҳои 2012-2017-ро аз инҷо дастрас карда метавонед.

Нашр шудааст: 11.09.2018