Дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ баҳисобгирии оморӣ, бояд ҳатмӣ, пурра ва бе нуқсон амалӣ гардад. Мақомоти давлатӣ дар ин бобат ва ҳамчунин ҷиҳати ба стандартҳои байналхалқӣ мутобиқ будани ҳисоботи муҳосибавӣ бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳисобҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷмӯаи омории «Ҳисобҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маълумоти умумикардашудаи солҳои 2014-2019-ро аз рӯи низоми ҳисобҳои миллӣ дар бар мегирад, натиҷањои ҳисобҳои Маҳсулоти Умумии Дохилӣ (МУД)-яке аз нишондиҳандаҳои муҳимтарини низоми ҳисобҳои миллӣ (НҲМ) мебошад, ки вазъи иқтисодиву - иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавсиф менамоянд.

Дар маҷмӯа системаи ҳисобҳои миллӣ (СҲМ), ки дар омори ҷаҳонӣ ба таври васеъ истифода мешаванд - низоми нишондиҳандаҳои ба ҳам алоқаманд, барои тасвир ва таҳлили равандҳои макроиқтисодиёти давраи гузариш ҷой дода шудаанд.

Мураттаб сохтани ҳисобҳои нишондиҳандаҳои низоми ҳисобҳои миллӣ асосан ба методология ва тавсияҳои НҲМ – 93 асоснок карда шуданд.

Нашр шудааст: 14.01.2021