Дар шароити муносибатҳои иқтисоди бозорӣ бе ҳисобу китоб, таҳлили натиҷаҳои кор ва ба нақша гирифтани имкониятҳо пешрафти мунтазамро таъмин намудан ғайриимкон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

КОҲИШИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар асоси маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар моҳҳои январ – августи соли 2023 аз рўи маълумотҳои омори ҷорӣ 21 ҳазору 736 ҳодисаи ба бемориҳои сирояткунанда гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 16,6 фоиз кам аст.
Ба ҳиссаи гепатитҳои шадиди вирусӣ 8,2 фоизи бемориҳо рост омада, бемориҳои сирояткунандаи шадиди рўда 53,8 фоизи шумораи умумии бемориҳои сирояткунандаро ташкил медиҳанд.
  • Дар ин давра 25 ҳазору 600 ҳодисаи ба бемориҳои паразитарӣ гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ – августи соли 2022-юм 7,7 фоиз кам аст.
Нашр шудааст: 04.11.2023