Дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ баҳисобгирии оморӣ, бояд ҳатмӣ, пурра ва бе нуқсон амалӣ гардад. Мақомоти давлатӣ дар ин бобат ва ҳамчунин ҷиҳати ба стандартҳои байналхалқӣ мутобиқ будани ҳисоботи муҳосибавӣ бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Эмомалӣ Раҳмон

ДАР ТОҶИКИСТОН ҲАҶМИ БОРКАШОНӢ 13,8 ФОИЗ АФЗУДААСТ

Тибқи маълумоти оморӣ дар ҳашт моҳи соли 2023 бо ҳамаи намуди нақлиёт 75305,8 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,8 фоиз зиёд шудааст.
Дар ин давра бо нақлиёти автомобилии ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликияти дорои нақлиёти автомобилӣ ва шахсони воқеӣ, ки ба боркашонии тиҷоратӣ машғуланд, 71110,3 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки 94,4 фоизи ҳаҷми умумии боркашонии ҳамаи намудҳои нақлиётро ташкил медиҳад. Ҳаҷми боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ нисбат ба моҳҳои январ - августи соли 2022-юм 14,0 фоиз зиёд шудааст.
Сохтори боркашонӣ дар сатҳи минтақаҳои ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки дар вилояти Хатлон 24910,7 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки 35,0 фоизи ҳаҷми умумии боркашониро ташкил медиҳад. Мутаносибан дар вилояти СуҒд 22077,3 ҳазор тонна (31,0 фоиз), ВМКБ 613,2 ҳазор тонна (0,9 фоиз), шаҳри Душанбе 11483,5 ҳазор тонна (16,2 фоиз) ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12025,6 ҳазор тонна (16,9 фоиз) бор кашонида шудааст.
Дар давраи сипаришуда бо нақлиёти роҳи оҳан (бо назардошти молборкунӣ, молфарорӣ ва интиқоли борҳои транзитӣ) 4194,8 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ - августи соли 2022-юм 11,5 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми боркашонӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ чунин тақсим мешавад: вилояти Суғд 51,0 фоиз (2138,2 ҳазор тонна), вилояти Хатлон 8,8 фоиз (368,0 ҳазор тонна), дар Душанбе (якҷоя бо НТҶ) 40,2 фоиз (1688,6 ҳаз. тонна).
Гардиши бор бо ҳамаи намуди нақлиёт дар ҳашт моҳи соли 2023 дар ҳаҷми 7403,5 млн. т.км ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 116,4 фоизро ташкил медиҳад.
Бо ҳамаи намуди нақлиёти мусофиркашонӣ дар моҳҳои январ - августи соли 2023-юм 579805,0 ҳаз. нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 6,6 фоиз зиёд аст. Мусофиркашонӣ бо нақлиёти хушкигард дар ҷумҳурӣ ҷои асосиро ишғол менамояд, ки таносуби он 99,9 фоизи ҳаҷми умумии мусофиркашонии ҳамаи намуди нақлиётро ташкил медиҳад.
Дар ин давра бо нақлиёти автомобилӣ (вазорату идораҳо; корхонаю ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият, ки нақлиёти автомобилӣ доранд, соҳибкорони хусусӣ) 565610,8 ҳаз. нафар мусофир кашонида шудааст.
  • Гардиши мусофирон бо ҳамаи намуди нақлиёт дар моҳҳои январ - августи соли 2023-юм 7408,6 млн. мусофир км-ро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,7 фоиз зиёд шудааст.
Нашр шудааст: 27.09.2023