Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Агентии омор натиҷаҳои аввалияи Таҳқиқоти Тиббӣ-Демографии Тоҷикистон 2017-ро дар «Гузориш оид ба нишондиҳандаҳои калидии ТТДТ/2017» пешниҳод менамояд

Дар ҳисоботи мазкур натиҷаҳои баҳодиҳии нишондиҳандаҳои калидии тиббӣ ва демографии кишвар пешниҳод карда мешавад.

Дар доираи ТТДТ/2017 иттиллоот оид ба таваллуд ва истифодаи усулҳои пешгирии ҳомиладорӣ, солимии занон ва кӯдакон, ғизои занон ва кӯдакон, фавти кӯдакони навзод ва кӯдакони синни то 5 сола, бохабар будан аз масъалаҳои вобаста ба ВНМО ва дигар бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда, ҳамчунин дигар  нишондиҳандаҳо вобаста ба солимии аҳолӣ пешниҳод карда шудааст. ТТДТ/2017 дуввумин Таҳқиқоти Тиббӣ-Демографӣ баъди ТТДТ 2012 мебошад, ки нишондиҳандаҳои нави калидии тиббӣ-демографиро дар бар мегирад. 

Ҷамъоварии маълумотҳо аз 8 август то 11 ноябри соли 2017 гузаронида шуд. ТТДТ 2017 бо дастгирии молиявии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) гузаронида шуд. Маблағгузории иловагӣ барои гузаронидани таҳқиқоти мазкур аз тарафи Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (ЮНФПА) ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) пешниҳод гардид. Шӯъбаи таҳқиқоти тиббӣ – демографии ИМА (ICF) кумаки техникиро дар доираи Барномаи ТТД, ки  аз ҷониби USAID барои гузаронидани таҳқиқоти тиббӣ-демографӣ ба ҳамаи кишварҳои ҷаҳон расонида мешавад, расонида шуд.
Нашр шудааст: 04.04.2018