Мутобиқи қонунгузорӣ тамоми корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо ва умуман ҳамаи субъектҳои истеҳсоливу ғайриистеҳсолӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон бояб ба мақомоти оморӣ ҳисоботи заруриро саривақт, пурра ва ба таври дақиқ пешниҳод намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон

ҲАҶМИ УМУМИИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ 7,9 ФОИЗ ЗИЁД ГАРДИДААСТ

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагии мамлакат ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 43 миллиарду 809,5 миллион сомониро ташкил додааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 7,9 фоиз зиёд мебошад.
  • Аз ҷумла:
дар соҳаи растанипарварӣ – 33 миллиарду 379,0 миллион сомонӣ (8,8 фоиз);
- чорвопарварӣ 10 миллиарду 430,5 миллион сомонӣ ( 5,0 фоиз).
Дар ин давра ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ дар ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 9,2 фоизро ташкил дод, ин нишондиҳанда дар хоҷагиҳои вилоятҳои Суғд 15,7 фоиз, Хатлон 5,4 фоиз, ВМКБ 1,3 фоиз ва ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12,4 фоиз рост меояд.
  • Дар ин давра ба хоҷагиҳои деҳқонӣ 46,2 фоизи ҳиссаи ҳаҷми умуми маҳсулоти кишоварзӣ рост омадааст.
Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ асосан ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ 44,6 фоизро ташкил медиҳад, ин нишондиҳанда дар хоҷагиҳои ВМКБ 68,3 фоиз, вилоятҳои Суғд 34,5 фоиз, Хатлон 49,0 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 45,5 фоиз рост меояд.
Нашр шудааст: 31.10.2023