Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Омӯзиши серӯза дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб бо дастгирии Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид оғоз гардид

Имрӯз, омӯзиши серӯза дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб барои сардорони раёсату бахшҳои агентии омор ва мутахассисони барӯйхатгирии аҳолии онҳо, бо дастгирии Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (ЮНФПА) дар доираи Лоиҳаи «Тақвият бахшидани омори демографӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия маблағгузорӣ карда мешавад.

Дар маҷмӯъ, 70 нафар мутахассисони сатҳҳои гуногун, аз ҷумла намояндагони мақомоти давлатии омор дар доираи омӯзиш таълим мегиранд. Мақсади чорабинии мазкур аз таҳия намудани нақшаи ташкилии гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, ки аз 1 то 15 октябри соли 2020 баргузор мегардад иборат мебошад.

Лоиҳаи "Тақвият бахшидани омори демографӣ дар Тоҷикистон" аз дастгирӣ намудани Агентии омор дар ҷамъоварӣ ва тасниф кардани маълумотҳои демографӣ дар рафти барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, инчунин баланд бардоштани самаранокии истифодаи онҳо дар раванди банақшагирии дарозмуддат, омода намудани буҷа дар ҳама сатҳҳо ва татбиқи барномаҳои сармоягузории минтақавӣ иборат мебошад.

Аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия барои дастгирии ин лоиҳа 2,15 миллион доллар ҷудо гардидааст.

#PHC2020 #Russia #Tajikistan #ПНЖФ2020 #РоссияПомогает

#АгентствоСтатистикиТаджикистана

#ПосольствоРоссиивТаджикистане

Нашр шудааст: 19.08.2020