Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Семинари омӯзишӣ оиди тайёр намудани интервюерҳо барои модули Тадқиқоти бучети хонаводаҳо

Бо дастгирии намояндагии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои аз 3 то 6 июли соли 2018 дар шаҳри Душанбе барои интервюерҳои ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе,“Семинари омӯзишӣ оиди тайёр намудани интервюерҳо барои модули “Тандурустӣ”-и Тадқиқоти буҷети хонаводаҳо” гузаронида мешавад.

Семинари омӯзишӣ дар сатҳи минтақавӣ аз 10 то 13 июли соли 2018 дар шаҳри Хуҷанд барои интервюерҳои вилояти Суғд ва аз 17 то 20 июли соли 2018 дар шаҳри Бохтар барои интервюерҳои вилояти Хатлон гузаронида шуда, дар умум зиёда аз 75 интервюерҳоро фаро мегирад.

Ҳадаф ва вазифаҳо

Айни ҳол, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот оид ба истифодаи хизматрасониҳои тиббӣ ва хароҷоти хонаводаҳо дар Тадқиқоти буҷети хонаводаҳо маҳдуд аст. Дар доираи кӯмаки техникӣ оид ба татбиқи “Фарогирии умумӣ оид ба хизматрасониҳои тандурустӣ дар Тоҷикистон” (Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо – Люксембург – ТУТ), ҷонибҳои манфиатдор барои гирифтани маълумотҳо дар бораи истифодаи хизматрасониҳои тиббӣ ва хароҷоти хонаводаҳо ба мувофиқа омаданд, ки ба модули тандурустии мавҷудбудаи Тадқиқоти буҷети хонаводаҳо саволҳои мушаххас илова карда шаванд. Чунин муносибат аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок буда, имконият медиҳад, ки ҷамъоварии маълумотҳо дар доираи Тадқиқоти буҷети хонаводаҳо, ки аз ҷониби Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, мунтазам ба роҳ монда шавад.

Моҳи декабри соли 2016 саволномаи модули “Тандурустӣ” бо дастгирии намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон аз нав дида баромада, васеъ карда шуд. Модули мазкур аз моҳи январ то марти соли 2017 таҷриба карда шуд. Мувофиқи созишномае, ки бо Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омадааст, модули “Тандурустӣ”-и нав дида баромадашуда, ҳамчун як модули Тадқиқоти бучети хонаводаҳо буда, маълумот оиди он мунтазам ҳамасола ҷамъоварӣ карда мешавад.

Дар доираи татбиқи чорабиниҳои мазкур, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон оиди расонидани кӯмаки техникӣ ва молиявӣ барои татбиқи модули мазкур дар соли 2018, аз ҷумла, баррасӣ ва бартараф намудани проблемаҳои ошкоршуда дар раванди таҷрибаи саволнома дар соли 2017, ташкил ва баргузории семинари омӯзишӣ барои интервюерҳо, ҳамбастагии модули “Тандурустӣ” ба барномаи Тадқиқоти буҷети хонаводаҳо, ҷамъоварии маълумотҳо, созмон додани махзани маълумот ва ғайра, дархост ирсол намудааст.

Вазифаҳо

Вазифаи асосии семинари омӯзишӣ ин пурзӯр намудани потенсиали кормандони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъоварии маълумот доир ба истифодабарии хизматрасониҳои тиббӣ ва хароҷоти хонаводаҳо, мебошад. Инчунин вазифаҳои семинари омӯзишии мазкур инҳоянд:

  • баррасӣ ва муҳокимаи қисмҳои тандурустии модули “Тандурустӣ”-и Тадқиқоти бучети хонаводаҳо (қисмҳои A, B, C), тибқи дастурамали таҳия кардашуда;
  • баррасӣ ва муҳокимаи тартиби расонидани хизматрасониҳои тиббӣ дар муассисаҳои тиббӣ;
  • баррасӣ ва муҳокимаи қисмҳои маъюбии модули “Тандурустӣ”-и Тадқиқоти буҷети хонаводаҳо (қисмҳои D, E, F), тибқи дастурамали таҳия кардашуда;
  • машғулиятҳои амалӣ оиди модули “Тандурустӣ”-и Тадқиқоти буҷети хонаводаҳо.

Омӯзгорони семинари омӯзишӣ коршиносони Раёсати демография, меҳнат ва тадқиқоти буҷети хонаводаҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ мебошанд. Омӯзгори қисми маъюбӣ дар сатҳи миллӣ коршиности байналмилалии ТУТ Др. Карла Сабариего мебошад. Забони тоҷикӣ - забони кории семинари омӯзишӣ мебошад.

Нашр шудааст: 04.07.2018